Arzon march 2024
Чӣ тавр аз Душанбе ба самти Кӯлоб мераванд?
327

Бо мақсади анҷом додани корҳои барқароркунӣ ва беҳтарсозии бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кӯлоб» аз 28 июл то 17 августи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби «Хатлон» қатъ ва ба воситаи ағбаи «Чормағзак» амалӣ мешавад. Дар ин хусус Вазорати нақлиёт хабар дод.

Татбиқи лоиҳаи сохтмони нақби «Хатлон» моҳи марти соли 2010 оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати «Чайна Роуд» аз ҳисоби маблағҳои қарзии Ҳукумати Чин амалӣ гардида, арзиши умумии лоиҳа тақрибан 300 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 70 миллион доллар)-ро ташкил дод.

Нақби «Хатлон» моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, кортежи Сарвари давлат аввалин шуда, нақби дорои қариб 4,5 километр масофаро тай намуд.

Баъди ба истифода додани нақб масофаи роҳи автомобилгарди «Душанбе — Ваҳдат – Кӯлоб» дар муқоиса бо масофаи роҳи автомобилгарди «Душанбе –Бохтар – Кӯлоб» 100 км наздик гардид.

Нақб соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хатлон» ном гирифта, дар масири Душанбе -Ваҳдат –Кӯлоб- Хоруғ воқеъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД