arzon replenishment
Чӣ тавр зиндагӣ нобиноро "салафанфурӯш" кард?
1201
Чӣ тавр зиндагӣ нобиноро "салафанфурӯш" кард?


Парвиз Нуров ҳамроҳи оилааш дар маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.

Ӯ маъюби гурӯҳи якуми чашм буда, дар миёни фарзандони падар ягона нафарест, ки чунин иллат дорад.
Парвиз таҳсилдидаи мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст, вале бо сабаби набудани ҷои кор ба майдуфурӯшӣ, аниқтараш “салафанфурӯшӣ” машғул аст.


Аз субҳ то бегоҳирӯзӣ дар бозори “Корвон” ризқи фарзандонашро бо ин роҳ пайдо мекунад. Бо ҳамсараш Матлуба, ки ӯ низ камбино аст, шаш сол аст, ки зиндагии муштарк доранд ва соҳиби ду фарзанд, писару духтар мебошанд.
Парвизу оилааш бо сабаби танг будани хонаи падарӣ тасмим гирифтанд, ки зиндагии худро дар алоҳидагӣ пеш баранд ва то имрӯз ин оилаи маъюб дар иҷораҳо рӯзи худро мегузаронанд.

Дар вақтҳои холигӣ ва баъд аз кор бо тарбияи фарзандонаш мағул мешавад ва бо сад умеду орзӯ онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбият мекунад. Шуғли дӯстдоштааш гӯш кардани хабарҳо тариқи радио ва шабакаҳои гуногуни радиоӣ мебошад ва нақши ВАО—ро муҳим ва калидӣ меҳисобад.
Матлуба, ҳамсари Парвиз аз меҳру муҳаббат ва оғӯши гарми волидон бебаҳра монда, дар дасти апаҳояш ба воя расидааст. Ӯ зодаи шаҳри Роғун мебошад ва бо амри тақдир ва сарнавишт ба Парвиз оиладор шуд. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки шавҳар бо нангу номус дораму бо вуҷуди аз чашм маҳрум буданаш ману фарзандонамро мехӯронаду мепӯшонад, вале камбудии зиндагӣ мо ҳамин аст, ки сарпаноҳе надорем.

Агар соҳибкорону шахсони доро дар ин моҳи хайру эҳсон кӯмаке мекарданд, ки соҳиби сарпаноҳ мешудем, хеле хуб мешуд.

Шахсоне, ки ба ин оилаи нобино ва ниёзманд дар ин моҳи пурхайру эҳсон ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти (Корти миллӣ аз Душанбе-сити ) 9762000027378271 гузаронанд ва ё ба рақамҳои 939-25 -57-57, ки бо корт пайвастанд, зангш зада аз ҳолу аҳволи ин оилаи ниёзманд хабардор шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД