35 years of independency
Чанд фоизи аҳолӣ ваксинаҳои зидди COVID-19 гирифтаанд?
1596

 

То 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 эм гирифтаанд, хабар додааст АМИТ «Ховар»

Ҳамчунин бо вояи дуюми ваксина 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд.

Вояи сеюми ваксинаро бошад, 1 89 922 нафар ё 19,5 фоизи аҳолӣ гирифтаанд.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Чанд фоизи аҳолӣ ваксинаҳои зидди COVID-19 гирифтаанд?
goodwell
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси