Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 15 то 18-уми июл дар мамлакат ҳарорати ҳаво аз 33 то 46 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 39 то 41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳои гармо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ карда шавад.