arzon replenishment
Чанд тавсия барои занҳои ҳомиладор
761

Батни модар барои инкишофи кӯдак яке аз ҷойҳои бехавф буда, солимии модар ба ҳаёти минбаъдаи тифл хеле муҳим мебошад. Модарон дар ин давра бояд аз амалҳои хавфнок даст кашанд, хӯрокҳои ғизонок ва сервитамин истеъмол намуда, барои солимии тифли батнашон андешаи дуруст намоянд.

Бинобар ин, феҳристи чанд корҳоеро, ки набояд занони ҳомиладор иҷро кунанд, пешниҳод менамоем:

  • Агар зан дар давраи ҳомиладорӣ сигор кашад, кӯдакро хавфи камвазнӣ таҳдид мекунад. Кӯдак аз таъсири дуди сигор ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас гирифтор шавад.
  • Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва маводди мадҳушкунанда ба инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак зарар мерасонанд.
  • Калянкашӣ дар вақти ҳомилагӣ чунин хавфҳоро ба саломатии кӯдак пеш меорад: вазни ками навзод, таваллуди бармаҳал, исқоти ҳамли ғайриихтиёрӣ, фавти периналатӣ, пешомади машима (ҳамроҳак).

Истеъмоли машрубот бошад, дар вақти ҳомилагӣ эҳтимол дорад, ки чунин хатарҳоро ба миён орад:

а. исқоти ҳамли ғайриихтиёрӣ
б. таваллуди пеш аз муҳлат
в. кандашавии машима.

  • Истеъмоли доруворӣ дар давраи ҳомиладорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, бояд зани ҳомила зери назорати духтури занона қарор дошта бошад ва то ҳадди зарурӣ аз ӯ маслиҳат пурсад.
  • Занҳои ҳомиладор бояд худро таҳти хатари маводди заҳрдор ва химикатҳо, ба монанди шустушӯӣ, сурб ва симоб, маводди зидди ҳашарот ва ороишӣ қарор надиҳад.
  • Либосҳои танг ва пойафзоли пошнабаланд напӯшанд.

Аз идора: Модарони азиз, саломатии фарзанди ояндаи шумо дар дасти худи шумост. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, то фарзанди солим ба дунё ореду ҷомеаи солимро идома диҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД