arzon replenishment
Чаро аз Олмон ба Русия рафт?
742

Салом ба кормандону ҳаводорони сомонаи дӯстдоштании “Оила”. Ман як мухлиси сарояндаи хушовоз Бобоҷони Амонулло ҳастам. Чанд соли охир мебинам, ки Бобоҷон бисёртар дар Русия аст. Одамон мегӯянд Бобоҷон аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, шаҳрванди Русия шудааст. Мехоҳам оид ба ҳамин овозаҳо ба мо маълумот диҳед.

Салом, хонандаи азиз. Ташаккур, ки ҳаводори сомонаи моед. Мувофиқи хости шумо мо бо сарояндаи дӯстдоштаатон сӯҳбат кардем. Бобоҷон сабаби дар Русия буданашро чунин арзёбӣ намуд:

Мо аз Олмон ба Русия сафар кардем. Вақте расидем КОВИД - 19 оламро фаро гирифту он ҷо мондем. Тӯли чанд муддат дар он ҷо барои мухлисону ҳаводорон консертҳо баргузор кардем. Инчунин, дар тӯйҳои тоҷикон хизмат кардем. Овозаи шаҳрванди Русия шуданам дурӯғ аст. Ман шаҳрванди як кишвар ҳастам ва он ҳам Тоҷикистон аст. Фарзанди ин миллати бузургаму бо ин фахр мекунам”,-гуфт сароянда.

Инчунин, зимни суҳбат Бобоҷон қайд кард, ки дар ояндаи наздик барои мухлисонаш чанд суруди нав омода карда, консерт доир карданист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД