Arzon march 2024
Чаро дар рӯй нарак мебарояд?
6723

 

Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, вале мушкили пӯсти рӯям маро сахт азият медиҳад. Гап сари он аст, ки пӯсти рӯям пур аз нарак асту аз хиҷолат сарамро бардошта наметавонам. На табобатӣ халқӣ ва на духтурӣ маро аз ин мушкилӣ халос карда наметавонад. Шумо сабаби пайдоиши наракро дар чӣ мебинед?
Сабина, ш. Душанбе

 Аслан нарак дар пӯсти равғанин пайдо мешавад. Сабаб дар равғаннокии зиёди пӯст –халалёбии фаъолияти муътадили системаи асаб, ғадудҳои ташарруҳоти дохила ва ноҷӯриҳои роҳҳои меъдаву рӯда мебошад. Наракҳо хурду обдор бошанд, ин нишони бемории узвҳои дохила аст.

Сабабҳои пайдоиши нарак дар наврасон инҳоянд:

Ба тозагӣ риоя накардан.

Дер-дер тоза кардани пӯст, ки боиси маҳкам шудани сӯрохиҳои он мешавад.

Истифода аз косметикаи декоративӣ

Воситаҳои косметикие, ки боиси аллергия ва зиёд шудани чарби пӯст мегарданд.

 Антибиотикҳо

Истеъмоли дорувориҳои антибиотикӣ боиси халалдор гаштани микрофлораи рӯдаҳо мегарданд ва дар натиҷа дисбактериоз ба вуҷуд омада, масунияти баданро паст месозад, ки ин сарчашмаи асосии сабзидани наракҳо дар рӯй аст.

 Таъсири нурҳои офтоб

Аз ҳад зиёд зери офтоб қарор доштан пӯстро хушк мекунонаду дар натиҷа ғадудҳои чарббарор равғани зиёд бароварда, сӯрохиҳои пӯстро маҳкам мекунонад ва ин боиси пайдоиши нарак мегардад.

 Нарак баромад, чӣ бояд кард?

Ғизои дуруст истеъмол намоед. Бо шавлаи ҷав қаноат кардану танҳо кефир нӯшидан шарт нест, вале тундию тезӣ, хӯрокҳои равғанин, ширин, дудхӯрда, обҳои газнокро кам хӯред, беҳтар хоҳад буд.

Ҳамарӯза қазои ҳоҷат кардан шарт аст. Ғизо солиму дуруст бошад, мушкиле пеш намеояд. Дар сурати пеш омадани душвориҳо ҳабҳои исҳоловар нӯшед.

Фаромӯш накунед, ки пӯсти равғанинро ҳамеша бояд тоза нигоҳ дошт. Саҳару бегоҳ пӯстатонро нағзакак пок кунед. Ҳис кардед, ки рӯятон равғанин шудаасту арақ мекунед, нисфирӯзӣ бошад ҳам, рӯятонро боз як бори дигар бишӯед. Наракҳои рӯятонро тез-тез бо гиёҳоби календула ё маҳлули ҷавҳари салитсил, ки аз дорухона дастрас кардан мумкин аст, пок созед. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо ангуштонатон наракҳоро зер накунед, вагарна рихинаки хурдакак калон мешаваду паяш мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Субхон 2019-08-10, 05:32
Сабаби хуни ифлос буда метавонад
Посух
Субхон 2019-08-10, 05:32
Сабаби хуни ифлос буда метавонад
Посух
Озода ортикова 2019-09-24, 13:20
Ман агар бе намоз шуданам наздик шавад гармича сару гарданамро пур мекунад пас солим ки шудам тоза мешавад пӯсти руйям!
Посух
Jomi 2019-10-09, 17:53
Ба Дорухона и 1 биёед дору хаст барои нарак
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Субхон 2019-08-10, 05:32
Сабаби хуни ифлос буда метавонад
Посух
Субхон 2019-08-10, 05:32
Сабаби хуни ифлос буда метавонад
Посух
Озода ортикова 2019-09-24, 13:20
Ман агар бе намоз шуданам наздик шавад гармича сару гарданамро пур мекунад пас солим ки шудам тоза мешавад пӯсти руйям!
Посух
Jomi 2019-10-09, 17:53
Ба Дорухона и 1 биёед дору хаст барои нарак
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД