Arzon april 2022
Чаро дар талхадон санг пайдо мешавад?
453


Салом! Манзани 42-сола ҳастам ва чанд вақт шуд, ки аз дамиши шикаму дилбеҳузурӣ азият мекашам. Ба табиби минтақавиамон муроҷиат намудам.

Духтур баъди муоинаи гуфт, ки шояд дар талхадонам санг пайдо шуда бошад ва маро барои ташхис ба марказ фиристод, вале ман як зани камбағал буда, дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Мӯъминобод зиндагӣ мекунам ва имконияти иқтисодии ташхису табобат карданро надорам.Илтимос, дар бораи санги талхадон маълумот диҳед.

Оростамоҳ, аз н. Мӯъминобод.

Шумораи гирифторони санги талхадон дар кишварамон дар ҳақиқат сол то сол меафзояд. Нишонаи аввалини бемории талхадон ин дарди кунд дар зери қабурғаи рост мебошад, ки ҳар дафъа тахминан ним соат ё як соат пас аз истеъмоли хӯрок сар мешавад. Хӯроки истеъмол намуда серравған ё бирёнӣ бошад ва ё бемор нӯшокиҳои газнок нӯшад, дард сахттар шиддат мегирад ва аз поёни қабурға ба китфи рост гузашта, оҳиста-оҳиста боло мебарояд, яъне ба мавзеи гардан. Дард ва ё “приступ”-и санги талхадон метавонад чанд соат тӯл кашад ва баъзан ҳатто чанд рӯз идома меёбад. Вақте ки дард сар мешавад, дили бемор беҳузур шудан мегирад ва гоҳо қай карда, дар даҳонаш маззаи талхиро эҳсос мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо касро сӯзиши пӯст дар таги қабурғаи рост азият медиҳад. Шиками маризоне, ки дар талхадонашон санг пайдо шудааст, тез-тез дамиш мекунад ва баъзан дарунашон сахтшуда, гоҳи дигар баръакс шикамрав мешаванд.

Вақте ки девораҳои талхадон шамол кашида, варам мекунанд ва бар асари ин ҳолат дар қисматҳои гуногуни он талхаи сироятёфта ҷамъ мешавад, талхадон шакли асосии худро гум мекунад. Ин ва дигар ҷараёнҳои химиёӣ ба пайдошавии сангҳо оварда мерасонад, ки роҳҳои талхадонро мебанданд ва дар натиҷа талхадон наметавонад вазифаи асосии хешро иҷро намояд. Бемории талхадон ба дигар узвҳо, махсусан ҷигар, меъда, ғадуди зери меъда ва рӯдаҳо таъсири ногувор мерасонад.

Одатан “приступ”-и санги талхадон вақте касро азият медиҳад, ки мариз ба парҳез риоя накарда, ғизоҳои сахту бирёнӣ мехӯрад. Афтодан ба стресс, ҳаяҷон ва ҳолатҳои дигари яъсу навмедию ғаму андӯҳ низ метавонанд боиси хурӯҷи дард гарданд. Аз ҳамин хотир, шахсоне, ки ба санги талхадон мубтало гаштаанд, бояд ҳатман ба парҳез риоя намуда, кӯшиш кунанд, ки табъашон ҳамеша хуш бошад.

Маризоне, ки санги талхадон доранд, бояд аз хӯрдани нони гарм, кулчақанд, торт, самбӯса ва дигар маҳсулоти хамирӣ парҳез намоянд. Хӯрдани ғизоҳои бирёнӣ, махсусан гӯштбирён, гӯшти гӯсфанд, дилу ҷигару гурдаи мол, тухм ва ҳасиби дудхӯрда низ манъ аст. Яхмос, шоколад, қаҳва, замбурӯғ, сабзавоти шӯру намакхӯрда, нӯшокиҳои газнок, қаланфури сурх, кетчуп ва майонез низ зарар дорад.

Шахсе, ки талхадонаш санг дорад, бояд кам-кам ва тез-тез хӯрок хӯрад. Ғизо обпаз бошад, беҳтар аст, масалан метавонанд шӯрбо, ялама ё пюре истеъмол намоянд. Ба ҷойи нони гарм ва нони сафед нони сиёҳ хӯранд. Субҳ гоҳон ширбиринҷ ва ё дигар намудҳои атолаи тунуки ширӣ хӯрдан муфидаст. Гӯшт хӯрдан мумкин аст, ба шарте, ки камравған ва обпаз бошад. Дилатон гӯшти обпаз намехоста бошад, аввал гӯштро дар об нағзакак ҷӯшонда пазед ва баъдан каме таф диҳед.

Нӯшидани шир фоиданок буда, хӯрдани ҷурғот ва қаймоқи тоза низ иҷозат дода мешавад. Аз нӯшокиҳо чойи камранг, шарбати хуч ва дигар меваҷоти бо оби ҷӯшомада омехташударо тавсия медиҳам.

Маслиҳати мо ба шумо он аст, ки ба духтур муроҷиат кунед ва ҳатман аз ташхиси УЗИ гузаред. Сангчандон калон набошад, табибон доруву дармон мефармоянд, вале калон бошад, беҳтараш онро бо роҳи ҷарроҳӣ гирифтан лозим аст, зеро метавонад роҳҳои талхадонро маҳкам карда, дигар оризаҳоро ба бор оварад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД