Arzon march 2024
Чаро гурӯҳҳои маҳбуби ватанӣ аз байн рафтанд?
2155

 

Охири солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-умро айёми беҳтарини маъруфият ба даст овардани гурӯҳҳои ҳунарии ҷавонон ном бурдан мумкин аст. Дар он солҳо чунин гурӯҳҳо бо вуҷуди зиёд буданашон дили миллионҳо мухлисро ба даст меоварданд. Беҳтарин сурудҳои машҳури охири солҳои 90-ум моли гурӯҳҳои ҳунарии “Фарзин”, “Иқбол” ва “Боло” буданд, ки ҳунармандонаш хеле ҷавон буданд. Имрӯз фаъолияти чунин гурӯҳҳои ҳунарӣ кам мушоҳида мешавад. Дар тӯли ин солҳо гурӯҳҳои зиёде аз саҳна рафтанд, аммо бархе аз овозхонҳо пас аз пароканда шудани гурӯҳҳо ба танҳоӣ фаъолияти худро оғоз намуда, муваффақ ҳам шуданд.

Гурӯҳи "Иқбол"

Гурӯҳи “Иқбол”-ро яке аз муваффақтарин гурӯҳи сарояндагони ҷавони он замон номидан мумкин аст. Ҷавонони солҳои 90 кассетаҳои гурӯҳи “Иқбол”-ро харидорӣ намуда, дар кӯчаҳо бо садои баланд гӯш мекарданд, ҳазорон духтарон ба консертҳои ин гурӯҳ рафта, ба саҳна ҳуҷум мекарданд. Аъзоёни гурӯҳи мазкур аз Вилояти Суғд буданд ва аз рӯйи дараҷаи маъруфият ин гурӯҳро ба гурӯҳи овозадори “Иванушки Интернешнл”-и рус баробар кардан мумкин аст, зеро онҳо низ толорҳои калони консертиро аз мухлис пур мекарданд.

Гурӯҳи “Иқбол” аз чор нафар иборат буд: дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусейн Вализодаҳо ва бародарон Искандар ва Диловар Қаландаровҳо, ки ҳамаи онҳо дорои истеъдоди олӣ буданд. Ташаббускори таъсиси ин коллектив Насимҷон Юсупов буд. Номи гурӯҳ ҳанӯз соли 1993 пайдо шуда, бори аввал бачаҳо моҳи феврали соли 2000 дар шаҳри Чкаловск (Бӯстони ҳозира) ба саҳна баромаданд. Худи ҳамон сол “Иқбол” ду албомро бо унвони “Модар” ва “Ситора” таҳия намуд. Машҳуртарин сурудҳои ин даста “Бевафо ёрам”, “Туро дидам” ва “Марҷуна” мебошанд. Инчунин, дар репертуари сарояндагони ҷавон суруди русие низ таҳти унвони “За что тебя люблю” маъруфияти хоса ба даст оварда буд.

Ҷавонони соҳибистеъдод дар ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарии зиёде доштанд ва дар як сол чанд консерт гузаронида, толорҳои калонро пур мекарданд. Онҳо ҳатто дар Ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Узбекистон мухлисони худро доштанд.

Мутаассифона, “Иқбол” пас аз марги фоҷиабори яке аз аъзоёни гурӯҳ, Ҳасан Вализодаи 26-сола дар соли 2006, ки аз хурдӣ аз норасоии гурда ранҷ мекашид, барҳам хӯрд. Пас аз марги Ҳасан фаъолияти гурӯҳро то чанд муддат нигоҳ дошта, ба поси хотири ин ҳунарманди ҷавонмарг чанд консерт баргузор намуданд. Баъдан муддати беш аз 15 сол дар бораи ин гурӯҳ хабаре нашуд. Чанд сол пеш Искандар Қаландаров ба танҳоӣ фаъолияти худро оғоз намуда, ҳайати нави “Иқбол”-ро дубор эҳё карданӣ шуд. Дастаи нав аз се ҳунарманд иборат буда, одатан сурудҳои қаблӣ ва дӯстдоштаи гурӯҳи “Иқбол”-ро месароянду дар вилояти Суғд консерт медиҳанд.

 

Гурӯҳи “Фарзин”

Аъзоёни гурӯҳи овозадори “Фарзин”- овозхон Ҳабиб Ҳакимов ва гитарачӣ Фирӯз Ҳакимов имрӯз низ маҳбубияти худро аз даст надодаанд. Маънои “Фарзин” маликаи шоҳмот буда, гурӯҳ охири соли 1999 дар заминаи коллективи “Западный квартал” ташкил шудааст. Муваффақият хеле зуд ҳамсафари ин гурӯҳ гашт. Пас аз сабти суруди барҷастаи “Духтари Ванҷӣ” мухлисони гурӯҳ бо суръати кайҳонӣ афзуданд. Баъдан сурудҳои марғуби “Танҳо”, “Ҷунбон”, “Мезанад борон”, “Опс-опс” ва дигар сурудҳо пешкаши мухлисон гардид. “Фарзин” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва услуби “рок-н-ролл”, “техно” суруд хонда, мусиқии мардумиро бо дигар услубҳои мусиқӣ муттаҳид кард.

Ҳабиб на танҳо бо садои марғуб, балки бо рақсу ҳаракатҳои нотакрори худ ба дили мухлисон роҳ ёфта буд. Ин гурӯҳ дар жанри рэп сурудҳояшро тавре пешкаш намуд, ки ҳатто ба мардуми ноҳияҳои дурдаст писанд омад. Дар тӯли зиёда аз бист сол гурӯҳ чанд бор пароканда шуда, аз нав эҳё гардид. Ҳоло Ҳабиб Ҳакимов сурудхониро идома медиҳад, дуэтҳои ҷолиб сабт мекунад, Фирӯз оҳангсоз буда, дар самти кино, реклама ва шоу бизнес фаъолият дорад. Дар ҳоле, ки Фирӯз дар Олмон муддати тӯлонӣ қарор дошт, Ҳабиб тавонист даҳҳо таронаҳои навро дар Ватан сабт кунад. Дар миёни ин оҳангҳо “Аҷаб-аҷаб” ва “Сояҳо” низ ҳастанд. Ҳабиб ва Фирӯз ҳанӯз ҳам дӯстони наздик боқӣ мондаанд ва то имрӯз мусоҳибаҳои муштарак анҷом медиҳанд.

 

“Гурӯҳи Эҳсон”

Боз як лоиҳаи муваффақ аз ҷониби оҳангсоз ва продюссери тоҷик Илҳом Урмонов аз ҷониби мардум хуб пазируфта шуд. Дуэти мардонаи “Эҳсон”-и Вилояти Суғд бо иштироки Ғолибҷон Юсупов ва Валиҷон Азизов аз соли 2002 то соли 2006 то пароканда шудани сарояндаҳо хеле машҳур буд. Имрӯз Валиҷон Азизовро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марз, дар аксари кишварҳои форсизабон мешиносанд. Илова бар ин, ӯ соҳиби ҷоизаи DAF BAMA MUSIC AWARDS дар Олмон ва дигар ҷоизаҳои мусиқӣ мебошад.

Дар байни сурудҳои машҳури Валиҷон монанди “Дона-дона” ва “Парасту” сурудҳои дигаре ҳастанд, ки ӯро машҳур гардонидаанд. Ғолибҷон Юсупов айни замон дар Вилояти Суғд бештар шинохта буда, консертҳои худро низ дар он ҷо баргузор менамояд. Дар репертуари ӯ оҳангҳо бо забони узбекӣ низ вуҷуд дошта, ҳунарманд аксаран гурӯҳҳои рақсиро аз Ӯзбекистон даъват мекунад.

 

Гурӯҳи “Сайр”

Аъзои гурӯҳи “Сайр” Фирдавс Истиқбол соли 2000-ум бо оҳанги ҷадиди “Ҳайфи ишқи покам” ба саҳна баромад ва дарҳол соҳиби ҷоизаҳои асосии тамоми озмунҳои мусиқии он солҳо, аз ҷумла чанд маротиба лауреати машҳуртарин лоиҳа -“Суруди Сол” гардид.

Гурӯҳи мазкур пас аз пахши силсиласурудҳо дар радио, сабти сурудҳои нав, ташкил кардани консертҳо муҳаббати мухлисонро ба даст оварданд. Яке аз аъзоёни гурӯҳ бо холи бари рӯ ва гиребонҳои сафед дар байни мардум зуд шинохта шуд. Баъдан гурӯҳи “Сайр” даҳҳо суруди марғуб омода намуд.

Зиёда аз 5 сол дар бораи гурӯҳи мазкур хату хабар набуд. Баъдан маълум шуд, ки дар ин муддат Фирдавс дар Дубай зиндагӣ карда, баъди бозгашт ба Ватан суруди нави худро таҳти унвони “Гулакам” таҳия намуда, фаъолияти худро идома додааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД