sebiston july new
Чаро Манижаи Сангин ба Душанбе наомад?
711


Манижаи Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, ки баъди ширкат дар озмуни овозадори “Евровидение”номаш вирди забни хурду калон гаштааст, бояд бо як барномаи рангини ҳунарӣ меҳмони Ватани аҷдодиаш Тоҷикистон мегашт, вале ин сарояндаи машҳур якбора аз райъаш гашта, вақти консерташро тағйир дод.

Мухлисони Манижа аз ин еле рӯҳафтода гаштанд, зеро онҳо барномаи ин бонуи сар то п ҳунарро кайҳо интизорӣ мекашиданд. Чаро Манижа консерташро якбора мавқуф гузошт ва оё ин ҳунарманди машҳур аслан нияти ба Тоҷикистн омадан дорад ё не?

Тавре ки худи Манижаи Сангин дар сӯҳбат бо азия-плюс гуфтааст, сабаби ба вақти дигар гузоштани консерташ сафарбарсозӣ ба сафи қувваҳои мусалаҳи Русия мебошад.
“Дар гуруҳи ман аксари навозандагон ҷавонмардонанд. Айни замон қисман сафарбарсозӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия идома дорад ва касе рафту омади бехатари моро кафолат дода наметавонад. Албатта ҳамчун инсон ба хотири як барномаи консертӣ ман дӯстонам, навозандаҳои гурӯҳамро, ки солҳои зиёд дар паҳлӯям ҳастанд ва бо ман кор мекунанд, дар хатар андохта наметавонам, аз ҳамин хотир барномаро ба 24-ноябр гузоштем” -гуфтааст Манижа дар сӯҳбат бо журналистон.

Аз гуфтаҳои Манижаи Сангин чунин бармеояд, ки ин овозхони машҳур аз тарси он ки мабодо навозандагонашро ба ҷанги Украина набаранд, сафарашро ба Тоҷикистон мавқуф гузоштааст.
Дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи он ки 24- ноябр санаи аниқи консерт аст ё тахминӣ Манижабону бо дилпурӣ посух додааст, ки ҳатман рӯзи 24-ноябр дар шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе барои ҳамватаннаш як барномаи рангини консертӣ барпо хоҳад кард.

«Ман ҳатман меоям ва дар шаҳри дӯстдоштаам Душанбе барои мухлисонам консерт медиҳам!”-ваъда додааст ин овозхони машҳур.
Барномаи консертие, ки МанижиСангин барои мухлисони тоҷикистониаш омода намудааст “Шаҳри офтоб” унвон гирифтааст ва ин аввалин ҳунарнамоии Манижа дар Ватани аҷдодиаш хоҳад буд. Рӯзи 25-ноябр маъракаи “16-рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” оғоз меёбад ва Манижа дар ин маърака фаъолона иштирок карданист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД