Arzon march 2024
Чаро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Екатеринбург мегурезанд?
627

 

Рӯзҳои охир даста-даста муҳоҷирони меҳнатӣ Екатеринбургро тарк карда истодаанд. Дар ин бора E1.RU хабар дода, навиштааст, ки баъди ҳодисаи нохуши дар “Крокус-Сити Холл” рӯйдода муҳоҷирон худро дигар дар амният эҳсос намекунанд, аз ҳамин сабаб Екатеринбургро ҳарчи зудтар тарк кардан мехоҳанд...

Рейдҳои пай дар пай ва таҳлукаи муҳоҷирон

Манбаъ сабаби аз Екатеринбург рафтани муҳоҷирони меҳнатиро ба амалиётҳои пай дар пай, ки кормандони мақомоти қудратӣ дар ин минтақа гузаронида истодаанд, рабт дода, навиштааст: “Пас аз фоҷиаи “Крокус-Ситти-Хол” кормандони мақомоти қурдатӣ қариб ҳар рӯз дар чанд минтақа рейд мегузаронанд. Боздоштгоҳҳои муваққатӣ алакай аз шаҳрвандони хориҷӣ пур шудаанд. Ин ҳолат муҳоҷирони меҳнатиро ба таҳлука меандозад. Онҳо аз саломатӣ ва бехатарии худ дар ташвиш ҳастанд, аз ҳамин сабаб Екатеринбургро осемасар тарк карда истодаанд...”.

Ба Ватан бармегарданд ё ба Шимол мераванд

Ба навиштаи E1.RU, қисме аз муҳоҷирон ба Ватан, назди зану фарзанд ва аҳли оилаи худ баргашта истодаанд, қисми дигар бошад, ба Москва, Сибир ва умуман қисмати шимолии Россия мераванд, зеро дар ин минтақаҳо кор ёфтан нисбатан осонтар аст.

Аз депортатсия метарсанд

Манбаъ навиштааст, ки як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳақиқат мушкилоти ҳуҷҷатӣ доранд. Ин тоифаи муҳоҷирон аз тарси он ки ба зудӣ ба чанги кормандони мақомоти қудратӣ афтода, аз қаламрави Россия барои 5-10 соли минбаъда ихроҷ-депортатсия карда мешаванд, аз Екатеринбург рафта истодаанд. Онҳо ба Шимоли Русия мераванд, чунки тафтишу санҷиш дар он ҷо нисбатан камтар аст.

Аз иҷора додан ба муҳоҷирон метарсанд

Сабаби дигари Екатеринбургро тарк намудани муҳоҷирони меҳнатӣ мушкили ёфтани макони зист аст. Пас аз фоҷиаи ваҳшатбори дар “Крокус Сити Холл” рӯйдода назорат натанҳо аз рӯйи шаҳрвандони хориҷӣ, балки аз рӯйи сокинони маҳаллӣ низ хеле пурзӯр шудааст. Русҳо аз хонаашонро ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора додан метарсанд, зеро ҳарос доранд, ки аз пушти муҳоҷир ба сарашон ягон бало омада, ба кашмакаш бо кормандони пулис гирифтор нашаванд. Худро дар ягон ҷо ба қайд мондан бошад, аслан амри маҳол гаштааст, аз ҳамин сабаб муҳоҷироне, ки ба тозагӣ ба Екатеринбург омада буданд, акнун маҷбуранд, ки ин минтақаро тарк намуда, ба ватанашон баргарданд ё ба шаҳрҳои дигари Россия раванд.

Сохтмонҳо нотамом мемонанд...

Манбаъ навиштааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Россия кор мекунанд ва барои пешравии кишвар ва минтақа нақши муҳим доранд. Рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Екатеринбург боиси аз кор мондани даҳҳову садҳо сохтмонҳои нотамом ва сахт зарар дидани иқтисодиёти ин минтақа хоҳад гашт.

70%-и пули муҳоҷирон дар Россия мемонад...

“Сарусадоҳо дар бораи он ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия пули зиёде кор карда, тамоми маблағро ба ватани худашон мебаранд, асос надорад. Онҳо фақат 30%-и маблағи кор мекардаашонро ба хонаашон мефиристанд, боқӣ 70%-и дигари пул дар ҳамин ҷо барои ҳуҷҷатҳо, иҷораи манзил, хурду хӯрок ва дигар хароҷоти рӯзмарраи муҳоҷир сарф мешавад. Аз ин нигоҳ низ рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ бар зарари минтақа ва умуман буҷаи Россия аст”,- навиштааст манбаъ аз қавли як ҳамсуҳбаташ.

Депортатсияи муҳоҷирон дар авҷ аст

Рафтани даста-даста муҳоҷирони меҳнатӣ боиси аз кор мондани сохтмонҳои азим гашта истодааст, вале кормандони мақомоти қудратӣ на парвои иқтисодиёт доранд, на парвои тақдири минбаъдаи муҳоҷирон, онҳо ҳар рӯз дар чанд минтақа амалиёт мегузаронанд ва боздоштшудагонро ба боздоштгоҳҳои махсус, баъдан ба Колтсово мебаранд. Аз он ҷо муҳоҷирони ихроҷшударо ба тайёра савор карда, ба ватаншон мефиристанд...

Танзими раванди муҳоҷират набояд дағалона бошад

Фарух Мирзоев аз “Хонаи дӯстии халқои Урал” дар суҳбат бо E1.RU гуфтааст, ки танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зарур аст, вале кормандони мақомоти қудратӣ зимни гузаронидани амалиётҳои худ бояд ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд. Паст задани шаъну шарафи инсонии шаҳрвандони хориҷӣ ва таҳқир кардани муҳоҷирони меҳнатӣ на аз лиҳози қонун ва на аз нигоҳи одамгарӣ раво нест. “Танзими раванди муҳоҷират бояд дағалона набошад. Ин кор бисёр маърифати баланд ва назокати касбӣ мехоҳад”,- навиштааст манбаъ аз қавли ҳамсуҳбатонаш.

Муҳоҷирони тоҷик ба Аврупо мераванд

Ёдрас мешавем, ки баъди ҳодисаи нохуши дар “Крокус Сити Холл” рӯйдода муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ бо теъдоди зиёд ба Ватан баргашта истодаанд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад бо кишварҳои дигар ҳамкориро пурқувват намуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба Британияи Кабир, Болгария, Туркия, кишварҳои арабӣ ва давлатҳои дигар равон созад.

Аммо як корманди масъули Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар суҳбат бо мо гуфт, ки новобаста ба ҳодисаи нохуши охир ширкаҳои калони Русия дархост равон карда истодаанд ва мехоҳанд ба таври муташаккилона муҳоҷирони тоҷикро барои кор ба Россия баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД