Хигиеника
ЧАРО МӮЙИ САР МЕРЕЗАД?
2083

Аксарият гумон мекунанд, ки мӯйи сар танҳо бо рафтани синну сол мерезад, вале чунин нест. Мӯйи сар метавонад хеле барвақт, ҳатто дар айёми ба балоғат расидан, яъне 13-14- солагӣ ба рехтан сар кунад.

Қисмати дигари бонувон суханпардозӣ карда, мегӯянд: «Мӯйи сар барои он мерезад, ки зан ғизои солим намехӯрад!»

Дар асл хӯрок ҳеҷ гоҳ боиси рехтани мӯйи сар намешавад. Зан ҳамарӯза хӯроки сафедадор ва аз витамину микроэлеменҳо бойро истеъмол накунад, мушкилоти мӯй пеш меояд, вале кор то ба калшавӣ намерасад. Зан парҳезро риоя кунад, мумкин аст, гирифтори анорексия (камхӯрӣ) ё булимия (пурхӯрӣ) ва ё камхунӣ (норасоии оҳан дар хун) гардад, аз рехтани мӯй дар амон намемонад. Иваз намудани воситаҳои зидди ҳамл, таваллуди фарзанд, исқоти ҳамл метавонад сабабгори рехтани мӯйҳо гардад. Ба ғайр аз омилҳои номбаркардаамон ҳамчунин, зуд-зуд шона кардани мӯйи сар ва баҳудаю беҳуда сарро шустану ранг кардан боиси хазонрези мӯйҳо мешавад. Дар аксари ҳолатҳо дар баробари рафъи ин омилҳо мӯйи сар аз рехтан мемонад.

Зани лоғар кал мешавад?

Зан аз ҳад зиёд хароб шавад, халалёбии ҳормонҳо рух медиҳад ва мӯйи сараш ба рехтан сар мекунад. Дар ин ҳолат рехтани мӯйро табобат кардан душвор мешавад.

Мӯй ё чемпион?

Як қабза мӯй то 30 кг вазнро мебардорад, вале мӯйи носолим аз як ламс кардан мерезад. Резиши мӯй бо сабабҳои физиологӣ рух медиҳад. Резиши мӯйҳо баъзан бар асари бемориҳои сироятӣ рух медиҳад. Фишори сахти руҳӣ ҳам метавонад боиси рехтани мӯй гардад.

Дурудароз нашинед, ки кал мешавед!

Дурудароз нишастан паси чанбараки мошин хунро дар мавзеи гардану сутунмуҳра шах мекунонад. Пӯсти сар амсоли пӯсти рӯй бо сабаби гардиши бади хун беобу ҳассос шуда метавонад. Бо ин сабаб мӯйҳо мерезанд. Дар ин ҳолат хӯрдани витаминҳо бефоида аст, беҳтараш пушти сарро бо даст маҳс кунед.

Ёрии таъҷилӣ ба мӯйҳо

Пай бурдед, ки мӯйи саратон тунук шудааст, дарҳол тарзи ҳаётатонро тағйир диҳед. Агар дар парҳез қарор дошта бошед, аз баҳри шавқу ҳаваси пайкари зебо гузашта, хӯроки бақувват хӯред. Барои афзоиши мӯй моҳии баҳрӣ (озодмоҳӣ, гулмоҳӣ, равғанмоҳӣ), икраи сурх, гӯшти гов, тухм, анор ва равғани зайтун муфиданд.

Витамин мехӯред? Хеле хуб, вале ба қисматҳои он нигаред. Ба афзоиши мӯй ҷавҳари фолат (фолиевая кислота) селен, синк, оҳан мусоидат менамоянд.

Ҳар бори шона задани мӯйҳо бо шона чанд ҳаракати иловагӣ зам кунед. Ба таври даврагӣ аз пешонӣ ба пушти сар, аз пушти гӯш то ба пешонӣ ва ба пушти сар. Ҳамаи ин ҳаракатҳо гардиши хунро беҳтар месозанду дар натиҷа микроэлементҳои муфид ба решаи мӯй мерасанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД