sebiston july new
Чаро нархи куртадӯзӣ ба осмон баромад?
1345

 

Духти курта имрӯз ба мавзӯи пурбаҳс табдил ёфтааст, зеро на ҳар зан имкони иқтисодии пардохти он рахеро дорад, ки дӯзандаҳо барои хизмати худ, яъне духтари куртаи замонавӣ гирифтан мехоҳанд.

Нигора, зиёда аз 20 сол аст, ки бо дузандагӣ машғул аст ва аз ин ҳисоб зиндагии худу оилаашро пеш мебарад. Ӯ аз як духти куртаи оддӣ 80 сомонӣ дастмузд мегирад. Аз ин маблағ 40 сомониаш барои харидани ришта, мӯҳра ва дигар чизҳои зарурии либоси духтааш харҷ мешавад. Нигора мегӯяд, вобаста ба ороиш ва навъи матоъ арзиши духти курта болову поин меравад, чунки нархи сангҳои ороишӣ, фуразилин, китфмонак (плечики) ширеш, тасмаҳои ороишӣ, тасмаҳои муҳрадор, турҳои ороишӣ ва қолабҳои таёркардашуда дар бозор гарон аст ва ҳамчунин, пули барқ ва қисмҳои эҳтиётии мошинаи дарздузӣ низ ба арзиши кори дӯзанда дохил мешавад.

Аммо Гавҳар Валиеваро нархи духти курта хеле нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, чаро дузандаҳои дар хона кор мекарда, ки андоз намесупоранд ва хароҷоти роҳу дигар ташвишҳо надоранд, ин қадар нарху кори худро боло бурдаанд? Мо, занҳои коргар барои маош як моҳи дароз азоб кашида кор мекунем, андози давлатро месупорем, вале онҳо дар хона нишаста, нархи куртаҳои дӯхтаашонро ба осмони ҳафтум бароварда,пули муфт ба даст меоранд, бар замми ин, аз андоз озоданд.

Тасаввур мекунед, нархи дӯхти як курта 600- 800 сомонӣ аст, агар инро дар қиёс ба маоши миёнаи имрӯза гирем, 60 фоизи музди меҳнатро ташкил медиҳад. Мо наметавонем бо як курта як ҳафта ба кор равем. Барои дӯхтани 3-4 курта бошад, пуламон намерасад.


Аз сӯҳбат бо бонувон маълум гашт, ки имрӯз аксари духтарон ба хотири гарон будани нархи духти курта рӯ ба либосҳои тайёри аврупоӣ овардаанд. Дар ин миён бонувоне ҳастанд, ки бо вуҷуди гарон будани нархи дӯхти кӯрта кӯшиш мекунанд, ки дар фасли гармо либоси тоҷикӣ ба бар намоянд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Нигора бештар аз либосҳои аврупоӣ истифода мебарад, вале дар фасли тобистон либоси миллӣ мепӯшад. Ӯ дузандаи худро дорад ва тамоми либосҳояшро ду чевар медӯзанд, ки яке дар хонаю дигарӣ дар дӯкони дӯзандагӣ кор мекунад.
“Ҳарду ҳам қариб, ки як нарх мегиранд. Дӯхти оддӣ аз сад сомонӣ сар мешавад. Ана ин куртаи санг доштаашро бар ивази 250 сомонӣ дӯхтам”-либоси дар танаш бударо нишон дода гуфт Нигора.  Аксарияти занҳо хуб медонанд, ки нархи духти курта аз рӯи матоъ ва ороиш фарқ мекунад. “Ду рӯз пеш куртаи духтарамро, ки матоаш комбахт буд, хостам ороиши замонавӣ кунад, 800 сомонӣ нархаш шуд”гуфт Нигора.

Барои Ҷӯраев Диловар нархи курта мушкили ҷиддӣ нест. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш кор мекунад ва мушкилоти занонаашро худаш аз маошаш ҳал мекунад. Диловар таъкид кард, ки агар рӯзе ҳамсараш барои дӯхтани кӯрта аз вай маблағ пурсад, ӯро ба бозор бурда, бо нархи нисбатан арзон куртаи тайёри духтаршуда мехарад. “Ман боварии комил дорам, ки дар 800 сомонӣ 2 куртаи хуб харидан мумкин аст”-мегӯяд ин мард.

Назарзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози кишвар дар суҳбат дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки бо рӯзноманигорон гузашт, дар ин маврид изҳори назар карда гуфт: “Тибқи Қарори  №151 “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси Патент ё Шаҳодатнома фаъолияткунанда, дузандагӣ дар қатори 108 номгӯи касбҳои аз андоз озод кардашуда қарор дорад, агар  ин фаъолият дар хона ё дар ҷойҳои махсуси муайяншуда анҷом ёбад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойҳои махсусро барои фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ муайян менамоянд. Яъне имтиёзҳо танҳо дар хона ва ҷойҳои махсусгардонидашуда пешбинӣ карда шудааст.”

Пас чаро дӯзандаҳо нархи дӯхтани куртаро ба осмони ҳафтум баровардаанд? Ин саволест, ки аз дӯзандаҳо натанҳо ҷавоб, балки каме инсоф низ мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД