arzon replenishment
Чаро пунксия мекунанд, об надорад?
462

Салом, кормандони сомонаи "Оила". Ман мухлиси ҳамешагии шумо буда, қариб ҳамаи тавсияи мутахассисонро мутолиа мекунам. Мехоҳам аз духтуроне, ки бо шумо ҳамкорӣ доранд, мушкилоти худро пурсон шавам. Мегуфтанд, ки барои чӣ ҳангоми пунксия кардан обро гирифта намешавад?

Умедҷон, хонанаи сомонаи "Оила"

Ба ин суол Фирӯза Саидова, мутахассиси силшиноси Асотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" чунин ҷавоб дод:

Пеш аз ҳама пайдошавии об ин оризаи беморист. Чуноне шумо пурсидед, ҳангоми пунксия кардан обро гирифта намешавад, вале нагуфтед, ки пунксияи кадом узвро дар назар доред. Аз ин хотир ба шумо посухи умумӣ медиҳам.

Агар пунксияи пардаи шуш бошаду обро гирифта нашавад, сабаби ин ғафс ва сахт будани пардаи шуш мебошад, ки об надорад. Зеро агар шикам об дошта бошад, онро гирифта мешавад. Пеш аз пунксия ташхиси ултрасадо гузаронида, дақиқ кардан лозим аст, ки воқеан об ҳаст ё не.

Гирифтани об ин роҳи табобат нест. Барои ҳамин, сабаби обгирии узвро дақиқ намуда, бемориро табоат кардан муҳим аст. То вақте бемориро табобат накунед, об ҷамъ шудан мегирад.

Бояд гуфт, ки пунксияро дар забони тоҷики сӯзандору мегӯянд. Ин намуди амалиёт бо таври сӯрох кардани девори рагҳо (одатан рагҳо) барои гузаронидани марҳилаи табобат ё ташхис анҷом дода мешавад. Дар тиб намудҳои зиёди пунксия вуҷуд доранд, ки вобаста ба беморӣ ва узв гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД