Arzon march 2024
Чаро ронанда автобусро ба рӯи одамон “ҳай” кард?
4793

Рӯзи 8-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:35 як ронандаи автобуси хатсайри 18 автобусро ба рӯйи одамон ронд ва дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, чанд мошин низ зарар диданд.

Пас аз ду рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш сабаби автобусро ба рӯйи одамон рондани ронанда маълум шуд...

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое чарх мезанад, ки дар он чӣ гуна автобусро ба байни издиҳоми одамон рондани ронандаи хатсайри 18 сабт шудааст. Автобус якбора ба байни издиҳоми одамон, ки дар бозори “Корвон” интизори нақлёт истодаанд, даромада, аз болои як зан мегузарад ва ба чор мошини сабукрав бармехӯрад.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри акси ронандаи автобус ҷузъиёти ҳодисаро нашр кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки Шӯҳрат Мардонови 31-сола, сокини ноҳияи Варзоб ва ронандаи автобуси тамғаи “АКИА”, аломати қайди давлатиаш 99-73 ТТ09, ки ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дорад, бо сабаби истеъмоли барзиёди дорувории “Баралгин” пеш аз ҳаракат карданаш, аз таъсири ин доруворӣ дар сари чамбарак аз ҳуш рафта, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа автобус ба самти муқобили роҳ баромада, як нафарро пахш мекунад ва ба чанд мошини дигар бармехӯрад.
Ин ҳодиса ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қосимови пойтахт аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори “Корвон” рух додааст. Аз ҳуш рафтани ронанда дар сари чамбараки автбус боиси ҳалокати як зан ва якбора зарар дидани чанд мошини тамғаҳои “Хундаи Солярис”, “Опел-Вектра”, “Тойота-Прадо” “Опел-Астра”, ва “Опел-Вектра” гашт.

Шабнам Ҳасановаи 26 -сола, ки дар ҳамин дақиқаҳо аз автомошина мефаромад, зери чархи тарафи чапи автобуси мазкур монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД