Дар шаҳри Дубайи АМА Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа 3 муштзани кишвари мо Шаҳобҷон Шукуров, Наврӯз Ҷафоев ва Анӯшервон Фозилов ҳунарнамоӣ карданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 75 кг бидуни мушкилӣ роҳашро ба даври дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай ҳамвор намуд, зеро рақибаш аз Конго Давид Тшама аз мубориза даст кашид ва пирӯзӣ насиби муштзани мо гардид.
Наврӯз Ҷафоев дар вазни 92 кг дар рақобати аввал бо намояндаи Қазоқистон Нурмуҳаммад Юсупов сабқат карда, дар раунди аввал тариқи нокаут мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Анӯшервон Фозилов дар вазни 54 кг дар рақобати аввал бо намояндаи Мозамбик Мануел Пауло мубориза бурда, бо ҳисоби 5:0 пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи баъдӣ ҳамвор намуд.
Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад. Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё ҳунарнамоӣ мекунанд.