Arzon march 2024
Чоҳҳои кушода дар сари роҳи донишҷӯён ?
1143

Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон", хобгоҳи 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва боғи Умари Хайём ҳар се дар як минтақа ҷойгир шудаанд.

Дар хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 800 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд, бар замми ин, ба боғи фарҳангиву фароғатӣ "Ҷавонон" ва боғи Умари Хайём ҳамарӯза садҳо нафар барои истироҳат меоянд, ки идде аз онҳо кӯдакони хурдсолашонро низ ҳамроҳи худ меоранд, вале дар масофаи кӯтоҳи роҳ, ки се маконро ба ҳам мепайвандад 2 чоҳи канализатсия мавҷуд аст, ки сарпӯш надоранд. Чоҳҳои канализатсионӣ дар байни роҳ ҷойгир шудаанд ва хавфи ба ин чоҳҳо афтидани донишҷӯён ва касоне, ки ба сайри боғ меоянд, хеле зиёд аст. Худо накарда касе шабу нимашаб ба ин чоҳҳо афтад, ба гумон аст, ки касе ба додаш бирасад.

Ба гуфтаи донишҷӯён зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки ин чоҳҳои канализатсионӣ сарпӯш надоранд. Аввал рӯйи яке аз онҳоро бо тунука пӯшонида шуда буд, аммо ҳамон тунука ҳам баъдан нест шуда монд. Фасли баҳор фаро расид ва ҳаво гарм шуда, шумораи шахсоне, ки ба сайри боғҳо мебароянд, меафзояд. Бештар падару модарон ҳамроҳи кӯдаконашон ба тамошои боғ меоянд. Мабодо вақти бозӣ ва давутоз ягон кӯдак ба яке аз ин чоҳҳои канализатсионӣ афтида монад, ҳатман сахт лат мехӯрад ва ягон узви баданаш мешиканад.

Сар задани фоҷиа низ имкон дорад, бинобар ин, аз ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт хоҳиш мекунем, ки ин масъаларо дида бароянд ва ба болои ин чоҳҳо ақалан сарпӯш гузоранд, то хатари афтидани одамон ба чоҳ пешгирӣ карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД