sebiston july new
"Далели нав" дар доираи парвандаи Раҳматшоҳ Қурбонов
483

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ронандаи автобуси мусофирбар Раҳматшоҳ Қурбонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки бар асари садама автобусаш аз болои пул ба дарёи Мойка дар Петербург сарозер шуд, парвандаи ҷиноятии нав боз кард.

Гуфта мешавад, ки дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират”-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10 шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”,- зикр кардааст Кумитаи тафтишот.

Мутобиқи моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия, ба гумонбаршуда то 3 соли зиндон ҷазо таъин шуда метавонад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми май аз болои пули Потселуев автобуси мусофирбар ба дарёи Мойка сарозер шуд. Бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҳалок шуданд. Ронандаи автобус зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо боздошт карданд. Суди Октябрскийи Петербург барои ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани ӯ қарор содир кард.

Дар оғоз Кумтаи тафтишот мутобиқи ду модда - вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ду ё зиёда аз ин шахсон боис гардид (қ.5, м. 264 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 7 соли зиндон) ва хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест (қ.3, м. 238 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 10 соли зиндон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Дар доираи тафтиши ин парванда, сардори корхонаи хидматрасонии нақлиёти ҶДММ “Такси”, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, боздошт шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД