Arzon march 2024
Далер Хонзода: Ба Нигина Амонқулова не, ба садояш ошиқам!
5060

Шумораи мухлисони ҳунарманди ӯзбек Далер Хонзода дар кишвари мо торафт меафзояд. Бо хоҳиши ошиқони ҳунараш мо бо ин ҷавони ҷӯянда сӯҳбати кӯтоҳ, вале ҷолибе оростем.

-Далерҷон, мегӯянд, ки шумо аслан тоҷикед?

-Бале, ман 1-уми апрели соли 1989 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадаам. Раҳматии падарам тоҷики асил буданд, модарам ӯзбек аст. Соли 1993 оилаи мо ба ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баст ва ҳамин тавр сокини шаҳри Самарқанд шуда мондем.

-Мегӯянд, ки Шумо ба Нигина Амонқулова ошиқ ҳастед, аммо рози дилатонро гуфта наметавонед?

-Ман ба худи Нигинабону не, ба садои ширинашон ошиқам. Нигина Амонқулова дар ҳақиқат ҳунарманди нотакрор аст. Аз рафтори бисёр боназокат ва малеҳашон дар саҳна маълум шуда меистад, ки дар баробари санъаткори беназир буданашон Нигинахон бисёр одами хуб ва бомаърифатанд.  

-Ба ғайри Нигина боз ба кадом сарояндаҳои тоҷик ихлос доред?

-Ман аз хурдӣ сурудҳои Далер Назаровро дӯст медорам. Бо рэпери машҳури шумо Мастер Исмайл дӯстӣ дорам. Бачаи пурҳунар ва одами нек аст. Бо ӯ ман ҳатто суруди якҷоя дорам: “Fight” -“Ёд кардам” (ремикс). Умуман, ман тайёрам, ки бо ҳама сарояндагони тоҷик ҳамкорӣ кунам, агар онҳо ба ин майл дошта бошанд.

-Ба фикратон, агар дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардед, ба қуллае, ки ҳоло дар он қарор доред, расида метавонистед?

-Бисёр саволи мушкил аст, чунки тақдири инсон дар дасти худаш нест. Одамизод намедонад пагоҳ чӣ мешавад ва гуфта наметавонад, ки чӣ мешуд, агар гузаштааш ранги дигар медошт. Ман ҳам намедонам чӣ мешуд, агар дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекардам, аммо бо дилпурӣ метавонам бигӯям, ки аз тақдир ва аз роҳи тайкардаам розӣ ҳастам.

-Мақсади ба тоҷикӣ суруд хонданатон танҳо васеъ намудани доираи мухлисонатон аст ё ягон ҳадафи дигарро ҳам пайгирӣ мекунед?

-Дар хонаи мо ҳамеша бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Дар мактаб дарсҳоямон бо забони ӯзбекӣ буданд, баъдтар дар литсей англисиро омӯхтам. Акнун мехоҳам ба ҳамаи ин забонҳо суруд хонам.

-Таманнои шумо ба мухлисони Тоҷикистониатон?

-Сарбаланду саломат бошанд ва ба муъҷизаҳо бовар кунанд, зеро боварӣ асоси пешравии инсон аст. Одам ба худаш эътимод дошта бошаду сидқан меҳнат кунад, албатта ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасад.

-Комёб бошед!

Сӯҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Есуман 2019-10-16, 15:38
Нигиначони мо бехтаринай ура хама дуст медорад вай ба хдшай далер ки хичи нест да пеи нигина
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Есуман 2019-10-16, 15:38
Нигиначони мо бехтаринай ура хама дуст медорад вай ба хдшай далер ки хичи нест да пеи нигина
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД