Formula novemver 2024
Худкушии зани муҳоҷир                                                    
7458

 Акрам аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳаш, ноҳияи Ҷиликӯл бемор баргашт.

Ӯ се сол пеш ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия кор кард. Фасли зимистон дар ҳавои хунук кор кардан ба Акрам ва дигар бачаҳои Тоҷикистон таъсир расонд ва аксарияташон гирифтори шамолхӯрию сулфаи сахт шуданд. Акрам, ки дар гармоҳои сахти водии Вахш ба воя расида буд, хунукиҳои Россия ба тану ҷонаш бештар асар намуданд. Аввалҳо беаҳамиятӣ карда, ба бемориаш чандон аҳамият намедод, рафта-рафта касалӣ куҳна шуду Акрамро аз по афтонд. Ҷавони чилсолаи бемору афгор маҷбур бо тани дардманд ба хонааш баргашт.

Падару модари пир ва ҳамсару чор фарзанди ноболиғи Акрам ҳама бекор буданд ва рӯзашонро бо як азоб мегузаронданд. Нафақаи ночизе, ки пиру кампир мегирифтанд, барои таъмини як оилаи калон намерасид. Чанд соле, ки Акрам дар Россия буду ҳар моҳ пул мефиристод, зиндагияшон андаке ҳам бошад, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод: хонаҳояшонро таъмир карданд, хурду хӯрокашон ҳам беҳтар шуд, вале ба бахти оилаи камбағал боз чашми бад расид. Бемор ба хона баргаштани Акрам падару модар ва зану фарзандонашро зиқ кард. Дар ташвиш афтиданд аҳли хонадон. Пиру кампир барои табобати фарзандашон, чӣ ки аз дасташон меомад мекарданд, писарашонро ба духтур бурданд, муллогӣ карданд, вале ба ҷои шифоёбӣ Акрамро рӯз то рӯз рангаш зардтару аҳволаш бадтар мешуд.

-Келин, канӣ як борак назди фолбин рафта ҳамин шавҳаратро фол кушо, шояд ягон илоҷи дардашро мегӯяд,- хоҳиш кард як бегоҳ хушдоманаш аз ҳамсари Акрам.

Рӯзи дигар зани Акрам мувофиқи амри хушдоманаш ба хонаи фолбин рафт. Аслия расми шавҳари беморашро ба назди фолбинзанак гузошта фол кушод. Фолбин гуфт, ки шавҳараш бисёр бачаи зебову чақон, коргару корчалон будаасту душманонаш ҳасад бурда ба ӯ ҷоду хӯрондаанд. Аввал ҷодуяшро бароварда, аловгардон мекунеду баъд ӯро ба назди мулло бурда хононед, сиҳат мешавад.

Аслия нав ба хона даромада, ҳанӯз нафасашро рост накарда буд, ки хушдоманаш аз дар даромад ва бе салому алек пурсид, ки фолбин бачаи беморашро чӣ гуфт?

-Фолбин мегӯяд, ки ба шавҳарат ҷоду хӯрондаанд,-якбора шафтолуи гапро гуфт Аслия.

-Ба писарам ту ҷоду хурондаӣ, дигар кӣ ин корро мекунад,-ба миёни гапи келин лагад зад хушдоман. Аслия ки аз хушдоманаш чунин рафторро интизор набуд, ҳуш аз сараш парид. Дигар чи гуфтани хушдоманашро намефаҳмид, аз шиддати асабоният гӯё кару кӯр шуда буд. Тифлаки ширмакашро, ки пистони модарро мемакид, хобаш бурда буд, оҳиста рӯи курпачаи мулоим хобонду бо чашмони ашколуд аз дари хона баромад.

Сарду карахт хӯроки пухтаашро кашида ба аҳли оила дод, вале худаш як луқма ҳам ба даҳон набурд. Аз гулӯяш об ҳам намегузашт. Дар сараш танҳо як гап такрор ба такрор садо медод: «Ба писарам ту ҷоду хӯрондаӣ». Бехудона ба ҳавлӣ баромад ва сӯи боғчаашон рафт. Шохаҳои дарахтони пурмева аз вазидани шамоли фораму нарм шириқ-шириқ садо мебароварданд. Аслия чулбури ғафси дасташро ба шохи дарахти зардолу партофту бо чашмони лабрези ашк ҳалқаи дорро ба гарданаш андохт. Лаҳзае пас ҷуссаи харобаку беҷони ҷавонзан дар шохи дарахт алвонҷ мехӯрд…

Садои гиряи якмароми тифли ширхор аҳли оиларо бесаранҷом кард. «Чаро кӯдак беист мегиряд? Модараш куҷост?» ситезакунон ба хонаи дарун, ки гаҳвораи тифлак он ҷо буд, даромад модари Акрам ва набераи гирёнашро аз гаҳвора кушода ба дасташ гирифту рӯи ҳавлӣ баромад. Алвонҷ хӯрдани тани беҷони келинашро дар шохи дарахт дида, хушдоман «вой ман мурам» гуфта беҳуш ба замин афтид.

Хабари аз рӯйи як даҳон гапи дурӯғини фолбину таънаи хушдомани беандешааш худкушӣ кардани Аслия дар як дам барқсон дар саросари деҳа паҳн гашта, мардумро ба даҳшат овард. Бархе ҷавонзани ҷавонмаргро маҳкум мекарданд, ки беандешагӣ карда барои дупула гап қасди ҷони ширинаш намудааст, тоифаи дигар мегуфтанд, ки айби хушдоманаш, агар вай заҳр намезад, ин даҳшат рӯй намедод, гурӯҳи сеюм иддао мекарданд, ки фолбинзан дар ин фоҷиа гунаҳкор аст ва бояд ҷазо бигирад, вале дили ҳама ба ҷони ҷавони марҳуму чор тифлаки хурдсоли ятиммондааш месӯхт. Хешу таборон, ҳамдеҳагон Аслияи берӯзиро ба хок супориданд. Тифлакони зору гирён ва шавҳари бемораш ҳар лаҳза номи ӯро гирифта, фарёд мекард ва гирёну нолон рӯю мӯ меканданд. Акрам, ки Аслияро дӯст дошта гирифта буд, тоби марги фоҷиавии азизи дилашро накарда, се рӯз пас номи Аслия дар забон ҷон дод. Ҷавон аз ҷоду не, аз бемории саратони шуш ва заҳри кирдори беақлонаи модараш ҳалок шуда, фарзандонашро дар зиндагӣ бе муттако намуд.

Ин қисса бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки лаҷоми забонамонро маҳкам дорем, зеро сухан ҳам ҷонбахш аст, ҳам ҷонсӯз, агар ҳамон сухани заҳролуди хушдоманаш намебуд, Аслия зинда мемонд ва шояд Акрам ҳам шифо меёфт, вале…

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Бону 2019-08-01, 21:52
Ёфтас хама Худо рахматш кунад чояш чаннат шавад э инсонхо хамаамон бандаи Аллох хастем у моро офарид на ягон банда, танхо Аллох чони моро гирифта метавонад. Вазнинии зиндагиро талхии зиндагиро набардоштан ин хатогист, барои як сухани ночои хуштоман худкуши мекунад ахмак. Хуштоман беакл будас гуфтас, дариди фарзандашро дида аклашро хурдас, охир БАД чаро худро мекуши.
Посух
Бону 2019-08-01, 21:56
Дар хозира замона инсонхош дар хайрат мемони Эй мусулмонхо хушатонро ба чо биёред худкуши ин харом мурдан Аст, инхел одамора акалан чаноза намекардан. Хози бошад хама таъзия баён карда чаноза карда хато пеши намоз хам мекунан инхелхоро. Набояд инхоро дида чояш чаннат шавад гуед, чун азоби у то абад дар дузах Аст ягон банда хаки чонеки Худованд хадя кард гирифтанро надорад танхо Аллох медонад Кай гирад чонатро.
Посух
Бону 2019-08-01, 22:16
Аллох тавфику инсофа тияд ба хар як модар,духтар ва зан. Худкуши ин шармандагист назди тамоми касба аввали аввал назди Парвардигореки туро офарид баьдан дар назди онеки туро ба ин дунё овард, туро хуронд,пушонд калон кард ба воя расонид.
Посух
Али 2019-08-02, 02:34
Касе ки пеши фолбин ё ҷодугар меравад ва ба сухани у бовар мекунад ба он чи ки ба пайгамбари Ислом нозил шуда аст кофир шуда аст
Посух
Муҳоҷир 2019-08-02, 07:19
Шгрона кне
Посух
Шахлои Хучанди 2019-10-13, 23:15
Зан бояд инхел беакли намекард. Бо кадом фахм вай худкуши кард? О фикр накард, ки шавхарамку бемор, ман худкуши кунам 4 фарзандамро ки саробони мекунад. 99% хушдоманхо тундзабон. Бояд гушашро ба кари зада рохи муросоро мечуст. Беакл!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД