arzon replenishment
ДАЛЕР НАЗАРОВ МАКТАБИ МУСИҚӢ МЕКУШОЯД?
1780

 

Далер Назаров бо мухлисони худ дар саҳифааш дар Instagram суҳбат карда, дар бораи фалсафаи зиндагӣ гуфт ва ба навозандагони ҷавон дар роҳи ҳунар маслиҳатҳо дод.

Ҳунарманд ҳадафи аслии зиндагиро худшиносӣ гуфту мансабдорию мошинсавориро боиси хушнудӣ намедонад.

Як манбаи муътамад  нуқтаҳои ҷолиби суҳбати ҳунармандро бо мухлисонаш ин ҷо гирд овард.

Нафаре аз Далер Назаров суолкардаст, кичӣ гуна мешавад дар 28 - солагӣ навохтани гиторро омӯхт. Дар посух ба ин савол Назаров гуфтааст, ки омӯзиш дар ягон синну сол дерӣ надорад ва муҳим аз ҳама ин хоҳиши кас аст.

"Дар Ютуб дарсҳои зиёде ҳаст мешавад аз онҳо истифода кард. Бояд шумо ҷур кардани торҳоро омӯзед ва баъд бо зам-зама кардани суруд дигар дастатон барои навохтан рост мешавад", - маслиҳат додааст Далер Назаров.

Ҳунарманд дар ин суҳбаташ аз хоҳиши кушодани мактаби навозандагӣ гуфту сабаби то ҳол амалӣ нашудани онро надоштани вақти кофӣ ва макон барои сохтани он гуфт.

"Хуб мешуд агар ҷое мебуд, ки навозандагон ба ҳамдигар касбашонро меомӯзониданд. Ин макон метавонист одамони синну соли мухталифро якҷо кунад. Вале ҳоло ин кор амалӣ намешавад, чун дигар корҳо бояд анҷом дода шавад", - гуфт Далер Назаров.

Нафаре ҳам дар ин росто пурсон шудааст, ки чӣ гуна мешавад, мактаби Далер Назаровро аз худ кард. Ба ин савол сароянда файласуфона посух дод.

"Бо худ бошед. Ин ҳам душвор ва ҳам осон аст. Вале бо дарки он, ки чӣ қадар худшиносӣ зарур аст, шумо худро дар меёбед, ки қиматтарин дасто вардаст".

Далер Назаров мактаб мекушояд?

Бояд гуфт, ки соли 2019 Далер Назаров барои сохтани мактаби мусиқӣ дар шаҳри Хоруғ ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пешниҳод карда буд ва ӯ ҳам пешниҳодро хуш пазируфта буд, вале то ҳол ин кор амалӣ нашудааст.

Сурудҳои куҳна ва стили ҷадид

Дар бораи таълифи сурудҳои нав Далер Назаров гуфтааст, ки муҳим на эҷоди суруди нав, балки тарзи қабули он аз ҷониби мардуми имрӯз аст.

"Мешавад боз 10 "Чак-чаки борон" - и дигар таълиф кард, вале гап на сари матну сурудҳои нав меравад, гап ин ҷост, ки сурудҳои куҳна, ки мардум бо онҳо баладанд, имрӯз дар дили онҳо чӣ гуна садо медиҳанд", - бовар дорад ҳунарманд.

Худо моро дӯст медорад!

Далер Назаров дар посух ба ин суол, кичӣ гуна Далер Назаров образи нав пайдо кард?, - гуфтааст, ки "ман стили наверо намебинам, танҳо бештар аз пеш озодтар мешавам".

Ба суол дар бораи ҳадафи Далер Назаров дар зиндагӣ, ҳунарманд посухи кӯтоҳ додааст.

Ӯ мегӯяд, ягон бор назди худ ҳадаф нагузоштааст.

"Зиндагӣ ҳама чизро чунон дақиқ роҳандозӣ мекунад, ки дигар ҷои илова кардани чизе боқӣ намемонад. Вале агар дар бораи чӣ гуна мехостам ба сар барам, сухан гӯем - албатта ин дӯстдоштан аст, мисле, ки Худо моро дӯст медорад", - гуфт Далер Назаров.

Далер Назаров кай консерт медиҳад?

Овозхон ҳамчунин дар бораи консерти лағв шудааш дар Маскав, ки бояд 12 апрели соли 2020 баргузор мешуду ба далели ҳамагирии вируси корона ба таъхируфтод, гуфт, дар нақшааст, моҳи октябр баргузор шавад.

Дар бораи консерт дар шаҳри Душанбе бошад, ҳунарманд гуфт, мехоҳад дар пойтахт ҳунарнамоӣ кунад, вале ба ақидаи ӯ барои ин консерт ҳоло дар Душанбе талабот нест.

"Ҳоло талаботи тамошобинон ба ин консерт эҳсос намешавад. Ҳастанд одамони зиёде, ки инро мехоҳанд. Вале барои консерти бузург бояд ҳамаи мо бузург шавем. Он бояд ҷашни ҳақиқӣ шавад. Кӯшиш мекунем", - гуфт Далер Назаров.

Корбаре ҳам Далер Назаровро ба тӯй даъват карданӣ шуда пурсон шудааст, ки оё ҳунарманд розӣ мешавад дар маросими арӯсӣ ҳунарнамоӣ кунад? Далер Назаров дар ҷавоб гуфтааст, агар бо аҳли гурӯҳаш ва барномаи пурраи консертиашон даъватӣ шаванд, албатта меравад.

Мансаб ва дороӣ аз назари писари вазир

Далер Назаров дар баробари суҳбат дар бораи ҳунарнамоӣ ба суолҳои фалсафии мухлисонаш низ посухдод. Ӯ гуфт, маънои аслии ҳаёт худшиносӣ аст.

"Аз ҳама муҳимаш дарки он, ки чӣ чиз барои шумо аз ҳама муҳим аст. Ҳеҷ кас ғайри шумо ба ин суол посух гуфта наметавонад. Мақсад ботаҷрибаи ҳамзистӣ бо дигарон ба худшиносӣ расидан аст", - бовар дорад ҳунарманд.

Ҳамчунин, Далер Назаров дар суҳбаташ ман сабдорӣ ва пулдориро шарҳ дод.

"Зиндагӣ танҳо дар доираи мақоми худ, ин яъне беохириро дарк накардан аст. Мешавад дар ҳуҷрае қоидаҳои худро ҳукмрон кард ва ба худ мақоми шоҳӣ дод, вале ин танҳо дар дохили як ҳуҷра хоҳад буд. Мошини зӯр хуб аст, вале он мушкили аслии шуморо ҳал намекунад, рӯзе шумо худро дар дохили он мошин бе табъ эҳсос мекунед".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД