Arzon march 2024
Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро суд мекунанд?
885


Журналисти шинохта Далери Имомалӣ ва наворбардор Абдулло Ғурбатӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудаанд.

Тавре ки “Азия-плюс” менависад, нисбати ҳарду парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, феълан дар боздоштгоҳи муввақатии ВКД-и шаҳри Душанбе будаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, нисбати Далери Имомалӣ бо ду модда: моддаи 259, қисми 1 (Фаъолиятиғайриқонунии соҳибкорӣ) аз ҷониби додситонии шаҳри Душанбе ва 346, қисми 2, банди «А» (Дидаву дониста додани хабари бардурӯғ) аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Нисбати Абдулло Ғурбатӣ, тибқи моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат) аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансур бо дархости корманди шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия парванда боз шудааст», - гуфтааст адвокати боздоштшудагон Шарипов Абдураҳмон.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, феълан онҳо боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД-и шаҳри Душанбе ба сар мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД