sebiston july new
ДАМИРБЕК ҶИЯНИ АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ АСТ?
4104


Санаи 22-юми август дар ютуб канали расмии Ҷонибек Муродов клипи ҷадиди овозхони ҷавону хушсадо Дамирбек Олимов дар ҳамовозӣ бо яке аз чеҳраҳои машҳури фарҳанги тоҷик, устоди санъат Афзалшоҳ Шодиев пахш гашт.

Ин тарона “Наомадӣ” унвон гирифта, аз ҷониби мухлисони ҳарду ҳунарманд хеле хуб пазироӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки клипи мазкурро Даврон Воситӣ коргардонӣ карда, тарона бо сабки классикӣ ба навор гирифта шудааст. Офарандагони клип кӯшиш кардаанд, ки ҳаёти муқаррарии тоҷиконро дар масири таърих нишон диҳанд.

Ҳамагӣ дар бадали 2 соат ин таронаро дар Ютуб наздики 2 ҳазор бор тамошо кардаанд, ки ин аз клипҳои қаблии Дамирбек дар пазириш аз ҷониби мухлисон афзалият дорад. Тарона дар ютуб ягон дизлайк надорад ва дар баробари ин дорои 72 лайк мебошад. Аз шарҳҳо бармеояд, ки мухлисон ин клипро хуб қабул карданд, зеро тамоми шарҳҳо мусбатанд, аммо пас аз ин тарона дар байни мардум овозае паҳн гашт, ки Дамирбек Олимов ҷияни Афзалшоҳи Шодӣ буда, маҳз ба ҳамин хотир дар ҳамовозӣ ин таронаро эҷод намудаанд...

Дар асл ин овозаҳо ягон асос надоранд. Афзалшоҳи Шодӣ ва Дамирбек Олимов риштаи хешу таборӣ надоранд, аммо Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ ҳамчун устоди ҳунар ҳамеша Дамирбек барин ҷавонони хушовоз ва боистеъдодро дасигирӣ менамояд.

Ин хислатро Афзалшоҳ аз шоҳсутуни санъати тоҷик, устод Ҷӯрабек Мурод, ки ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад, мерос гирифтааст. Дар замони Шӯравӣ маҳз бо дастгирии Ҷӯрабеки Мурод Афзалшоҳӣ Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ, Қобилҷони Зариф ва чандин санъаткорони дигари водии Зарафшон ба ҷодаи санъат роҳ ёфта, соҳиби ному нон гаштанд. Имӯз шогирдони устод Ҷӯрабек Мурод қарзи маънавии худро дар дунёи ҳунар бар гардонида ба ҷавонони соҳибистеъдод барои комёб гаштан дар ин ҷода кӯмак мерасонанд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД