Arzon march 2024
Дар 1 моҳ 300 доллар кор кардан мехоҳед?
1776


Муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар корҳои мавсимии сердаромад ёфта метавонанд, агар...
Ҷанги Русия бо Украина ба иқтисодиёти ин кишвар зарбаи сахт зада, албатта ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ бе таъсир намонд.

Хатари рӯз то рӯз вазнинтар шудани авзоъ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба он водор менамояд, ки аз баҳри кор дар Русия гузашта, роҳҳои дарёфти манбаъҳои нави даромадро ҷустуҷӯ намоянд. Акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик рӯ ба кишварҳои дигар оварда, кӯшиши пайдо намудани кор дар мамолики хориҷиро менамоянд.

Қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик бо роҳу воситаҳои гуногун кӯшиш менамоянд, ки ба Олмон раванд, зеро ба гуфти худи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқҳои онҳо дар ин кишвар поймол карда намешавад. Туркия кишвари дуюмест, ки тоҷикон бо майли том сафар мекунанд.

Дар қатори ҷавонмардон солҳои охир ҳатто занону духтарони тоҷик низ ба Туркия коркунӣ мераванд, ҳарчанд музди меҳнат дар ин кишвар чандон баланд набуда, тақрибан аз 500 доллар сар мешавад.

Албатта 500 доллар чандон пули калон нест ва аз нисф зиёди ин маблағ ба хароҷоти худи муҳоҷир сарф мешавад, аммо имконияти тамошо кардани ҷойҳои таърихии Туркия ва чашидани лаззати шириниҳои асили туркиву сайру гашт дар мавзеъҳое, ки дар филмҳои имрӯзҳо дар Тоҷикистони мо хеле машҳури туркӣ тасвир ёфтаанд, муҳоҷирони моро мисли оҳанрабо ба ин кишвар мекашад.

Ҳамин тавр сарҳади муҳоҷирати меҳнатӣ барои муҳоҷирони тоҷик торафт васеътар шуда истодааст. Акнун муҳоҷирони тоҷик имкон доранд, ки ба кишварҳои Аврупоӣ ва Куриё ба муҳоҷират рафта, маблағи хуб ба даст оваранд. Ба таври мисол дар Англия барои 1 соати кор дар замин 12 доллар медиҳанд.

Муҳоҷирон дар як шабонарӯз тахминан 8 соат кор карда, ҳар рӯз 96 доллар дар як як моҳ қариб 2500-3000 доллар кор мекунанд, ки барои мо-мардуми серфарзанди тоҷик албатта ин пули кам нест.

Корфармоён бар замми ин, коргаронро бо ҷойи хоб таъмин менамоянд ва ин хароҷоти муҳоҷиронро хеле камтар месозад.
Тавре ки Диёр Норматов, директори Маркази машварат ва омодасозии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар як суҳбат бо “Ховар” гуфтааст, тӯли соли 2022 ҳудуди 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Британияи Кабир коркунӣ мераванд ва айни замон 60 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз озмун гузашта, барои кор дар ин кишвар ҳуҷҷатҳояшонро омода карда истодаанд.

Талаботи асосӣ нисбати муҳоҷирон ақаллан дар ҳадди гуфтушунид донистани забони англисӣ мебошад. Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар асосан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ-дар замин кор карда, корфармо бо онҳо ба мӯҳлати 6 моҳ шартномаи меҳнатӣ мебандад. Хароҷоти роҳ аз ҳисоби худи муҳоҷирон буда, корфармоён онҳоро танҳо бо ҷойи хоб таъмин менамояд, вале аллакай беш аз 1000 нафар барои кор кардан дар Британияи Кабир дархост пешниҳод кардаанд.

Имсол як қисми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамчунин ба Куриёи Ҷанубӣ барои корҳои мавсимӣ фиристода мешаванд ва дар ин хусус аллакай байни ду кишвар шартномаи дуҷониба ба имзо расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД