arzon replenishment
Дар 4 рӯз 134 кас ба коронавирус гирифтор шуд, вале...
2097

Коронавирус, ки тӯли 3-4 моҳи охир зоҳиран панҷаи худро аз гиребони мардуми тоҷик раҳо карда буд, дубора хурӯҷ мекунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамарӯза омори гирифторшавӣ ба Ковид-19-ро эълон менамояд. Тавре ки аз ин маълумотҳо бармеояд, дар бадали 4 рӯзи охир 134 сокини кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Тавре ки Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, тӯли як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 19 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд ва ҳамин тавр шумораи гирифторони Ковид-19 аз 21 то 25 январ ба 134 нафар расидааст.

Ёдрас мешавем, ки аз оғози бақайдгирии COVID-19 то ба имрӯз дар кишвар 17229 нафар ба ин бемори гирифтор шуда, аз ин шумора 16995 нафар шифо ёфтаанд.
Мутаасифона, бар асари ин бемории ҳамагир, ки беш аз ду сол боз тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст, 124 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавирус-омикрон дар Тоҷикистон ҳанӯз чизе дақиқ нест, зеро то ҳол ба кишвар тестҳои санҷишӣ ва дастгоҳҳо барои аниқ намудани штамми нави коронавирус ворид нашудаанд.
Беморӣ аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба кишвари мо ворид шудааст, аммо маризон онро дар шакли нисбатан сабук паси сар карда истодаанд ва ҳоҷат ба бистирисозии онҳо дар беморхонаҳо нест. Сабаби асосии осон сипарӣ намудани беморӣ гирифтани ваксина бар зидди коронавирус мебошад.
Манбаъ: SPUTNIK

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД