gazprom august 2025
Дар Айнӣ сохтмони майдончаи Парчами миллӣ оғоз ёфт
82

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ сохтмони Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бо саҳми Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон-2 бунёд ёфта, парчам дар баландии 30 метр парафшон мешавад. Майдон бо фаввораҳои зебо, гулгаштҳо ва нишастгоҳҳо оро ёфта, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштанӣ ва сайри шомгоҳии сокинон табдил хоҳад ёфт.

Солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдонҳо ва хиёбонҳои бо Парчами давлатӣ ороёфта бунёд гардиданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД