Дар Боку ҷашнҳои Тоҷикистон таҷлил шуданд
83

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати ҷашнҳои давлатии мамлакат - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Боку ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Зимни ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоботи умумихалқӣ 16-уми ноябри соли 1994 нахустин маротиба ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуда, дар ин мақом дар бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи мамлакат ва ба сатҳи баланд баровардани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беандоза гузоштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД