Ширкати технологии чинии Kaiwa Technology аз Гуанҷу тасмим гирифтааст роботе бисозад, ки ба ҷойи занҳо дар батнаш кӯдак парвариш намуда, насли одамизодро ба дунё меорад.
Масъулини ширкат мегӯянд, ки ҳадаф аз сохтани “Роботи ҳомила” осон намудани мушкили бонувон ва халос кардани занҳо аз ранҷу азоби давраи ҳомилагӣ мебошад.
Ҷанин дар бачадони сунъӣ инкишоф ёфта, тариқи найчаи махсус, ки нақши нофро мебозад, ба он моддаҳои зарурии ғизоӣ равона карда мешаванд, то кӯдак хуб инкишоф ёбад.
Муҳандисоне, ки ин роботро сохта истодаанд, мехоҳанд натанҳо як робот-инкубатор барои ба дунё овардани одамчаҳо бисозанд, балки бо модели гуманоиди пайваста, байни инсон ва роботи ҳомила муносибати мутақобиларо ба вуҷуд оранд.
Олимон бовар мекунонанд, ки роботи мазкур то охири соли 2026 ба бозор бароварда мешавад ва нархи он на бештар аз 100 ҳазор юан, яъне тақрибан $14 000 доллари амрикоӣ хоҳад буд.