Дар беморхонаи ноҳияи Данғара бори аввал амалиёти ҷарроҳии пайванди ҷигар бомуваффақият анҷом дода шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар додааст.
Табибони беморхонаи клинникии ноҳияи Данғара бори аввал дар таърихи ин бемористон амалиёти ҷарроҳии пайванди ҷигаррро анҷом доданд. Маризон шаҳрвандони ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон будаанд, вале маҳз чанд нафарро ҷарроҳӣ карданд, дар хабар зикр нашудааст.
Қаблан ҷарроҳии ивази узвҳои инсон танҳо дар Маркази миллии илмии трансплантатсияи узвҳои инсон гузаронида мешуд, вале акнун чунин амалиётҳои нодири ҷарроҳӣ дар дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ низ бомуваффақият гузаронида мешаванд.