Дар ноҳияи Данғара бозёфти муҳими таърихӣ ба қайд гирифта шуд. Мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез ёдгории нодири меъмории марбут ба асрҳои IX-XII-ро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Агентӣ, ин бозёфт метавонад барои омӯзиши таърихи қадим ва рушди меъморӣ ва фарҳанги минтақа дар давраи асрҳои IX-XII аҳаммияти зиёд дошта бошад. Кашфи чунин ёдгории қадимӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Данғара дар гузашта низ аз минтақаҳои дорои таърихи ғанӣ ва мероси муҳими фарҳангӣ будааст. Мутахассисон бар он назаранд, ки омӯзиши минбаъдаи ин ёдгорӣ метавонад ҷузъиёти нави илмиро дар бораи ҳаёти мардум, меъморӣ ва фарҳанги минтақа дар асрҳои миёна ошкор намояд.
Ёдгории нав кашфшуда акнун метавонад ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихии Данғара табдил ёбад.