goodwell
Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд
10.08.2026
Оила
31

 

Рейтинги Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон торафт боло рафта имрӯзҳо аз кишварҳои мухталифи олам донишҷӯён барои таҳсил ба ин донишгоҳ меоянд. Айни замон дар донишгоҳ 2161 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил карда истодаанд. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ хабар дода гуфт:

“Айни замон дар сатҳи тодипломӣ 2104 ва дар сатҳи баъдидипломии илмию муолиҷавӣ 57 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 32 давлат таҳсил карда истодаанд. Таҳсил бо 3 забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён дар 886 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунанд ва дар 111 гурӯҳ таҳсил бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. “

Робатаҳои байналмилалии донишгоҳ босуръат рушд намуда, соли равон 113 нафар профессорон ва омӯзгорони хориҷӣ аз Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Австрия, Шоҳигарии Тайланд, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Покистон, Русия, Белорус, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо дар доираи мубодилаи академӣ барои хониши лексия ва гузаронидани машғулиятҳо бо донишҷӯён ва иштирок дар чорабиниҳои илмию таълимӣ ба донишгоҳ ташриф овардаанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД