Дар ду даромадгоҳи Душанбе барои мошинҳои боркаш тарозу месозанд
98

Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, ки тавассути онҳо воситаҳои нақлиёт аз самти Турсунзода ва Бохтар ба пойтахти кишварамон ворид мешаванд, барои мошинҳои калон ва боркаш нуқтаҳои вазнченкунӣ бунёд мегарданд.

Воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёдтар аст, минбаъд барои ворид шудан ба шаҳр маблағи муайян пардохт хоҳанд кард.

Тавре масъулини Вазорати нақлиёт гуфтаанд, тасмими мазкур ба хотири пешгирӣ намудани вайроншавии роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода ва Душанбе-Бохтар роҳандозӣ шуда, созишнома дар бораи насби ин нуқтаҳо ҳанӯз 21-уми июли соли 2025 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Kvadrat System LLC”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расида буд. Тибқи созишномаи мазкур ширкат бояд давоми 8 моҳ корҳои сохтмониро ба анҷом расонад. Васли низоми вазнченкунӣ барои нақлиёти боркаш ва калонҳаҷм дар ду даромадгоҳи пойтахт моҳи декабри соли 2025 оғоз ёфта, мувофиқи нақша бояд моҳи август корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шаванд.

Пас аз анҷоми насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт дар ин ду роҳи мошингард ва қабули он аз ҷониби комиссияи давлатӣ, иншооти мазкур ба ихтиёри КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хидматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт супорида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД