toyota motors
Дар Душанбе дар Дави миллӣ беш аз 32 ҳазор нафар иштирок карданд
18.05.2026
Oila.tj
190

Дирӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.

Таъкид карда шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД