Дар Душанбе Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ доир мегардад
03.04.2026
Oila.tj
65

 

Рӯзи 5-уми апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ҳафтумин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» паҳлавонон аз рӯйи вазнҳои то 65 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни мардон ва бонувон бошад, дар вазни то 70 кг бо ҳам рақобат менамоянд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавонони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм бошанд, сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД