Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35- шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми август дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35- шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад.
Озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати мамлакат дар ҳамдастӣ бо ташкилоти байналмилалии Маркази рушди зеҳнӣ баргузор хоҳад гашт. Дар озмун соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон иштирок карда, барои фаъолияти босамар, сифати хизматрасонӣ, масъулияти баланд ва эътимоди шарикӣ қадрдонӣ мегарданд.
Мақсади озмун муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарину боэътимод ва баланд бардоштани нуфузу эътибори соҳибкорони ватанӣ дар байни доираҳои соҳибкории мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.