Oila 5 years
Дар дӯзахи қайсингил Қисми 2
1937

Марги тифл ва талоқи шавҳар

Моҳираро дуои бад мекардам. Нисфирӯзӣ дарди ҷонкоҳе аз миёнам қапиду кӯдакро афтондам. Бегоҳ Рустам ҳамроҳи модараш бо рангу рӯи парида ба наздам омад. Фикр кардам аз фавтидани кӯдак ғамгин гаштааст, аммо фикрам хом баромад. Рустам дар назди модараш ҷавобамро дод. Дуд аз димоғам баромад. Чӣ гуноҳ доштанамро намедонистам.

-Ситора хиёнататро бахшида наметавонам,- гуфт бо ғазаб Рустам.

-Чӣ хел хиёнат?- Бо ҳайрат пурсидам ман,-Рустам ба суханони бофтаи хоҳарат бовар накун. Кӯдаки ман думоҳа аст, ман дар хонаи модарам ҳамагӣ ду ҳафта меҳмон шуда будам,-шавҳарам дигар чизеро шунидан намехост. Модарашро гирифта, аз беморхона баромада рафт. Барои қисмати талхам зор-зор мегиристам. Пас аз ду рӯз аз беморхона бо дасти холӣ ба хонаи модарам баргаштам. Хабари аз шавҳар ҷудо шудани ман дар деҳа зуд паҳн шуд. Ба кӯча намебаромадам. Аз ҳамсояҳо шарм медоштам. Аз ғаму андӯҳи зиёд харобу лоғар шуда будам. Оҳиста- оҳиста бемории бистарӣ шудам. Мехостам дар лаҳзаҳои охири ҳаётам як бор Фирӯзро бубинам. Рӯзе дар хона ману янгаам танҳо мондем. Дар бораи Фирӯз ба ӯ нақл карда, гиря кардам.

Дигар мадори аз ҷойгаҳ хестан надоштам. Ҳамсояҳо як-як ба дидорбинии мани бемор меомаданд. Ғам маро оқибат аз по афтонд. Дар ҳар нафасам номи Фирӯзро мегирифтам. Рӯзе дар кушода шуду Фирӯз аз дар даромад. Чашмонам рӯшан шуданд. Бо садои баланд ӯро ба наздам хондам. Дард аз баданам гум шуд. Фирӯз ба назди бистарам омада, сарамро силакунон навозиш мекард.

-Ситора, хабари бемор шуданатро шунида омадам, то туро ба беморхона барам.

-Фирӯз, танҳо орзуи дидани туро доштам. Ту зан дорӣ, рав, ба монанди Рустам номард нашав,- ҷавобаш додам.

-Не Ситора, ту шифо меёбӣ. Ин фикрҳоро аз сарат дур кун. Хез, ба беморхона меравем,-падару модарам ҳам илтиҷо мекарданд, ки якравӣ накунам.

Ниҳоят Фирӯз маро ҳамроҳи волидонам ба беморхона оварда, бистарӣ намуд. Табобат гирифтам, маблағи беморхонаро Фирӯз пардохт намуд. Падару модарам ба ӯ изҳори минатдорӣ мекарданд. Дар миёни ду рӯз пойҳоям каме қувват гирифтанд. Оҳиста-оҳиста шифо меёфтам. Фирӯзро аз наздам дур рафтан намегузоштам. Дастонашро ҳар лаҳза мебӯсидам.

-Ситора, ман туро дигар ба ҳеҷ кас намедиҳам,- гуфт рӯзе Фирӯз.

-Не Фирӯз, зиндагии туро талх кардан намехоҳам.

-Ман туро ҳам ба занӣ мегирам, Ситора.

               Никоҳ ва хушбахтӣ

Рӯзи дигар Фирӯз ҳамроҳи занаш ба хабаргирии ман омаданд. Ҳамсараш бо ман муомилаи хуб дошт, фикр кардам, ӯ аз ҳеҷ чиз хабар надорад. Дертар фаҳмидам, ки Фирӯз масъалаи хонадоршавиамонро дар наздаш гузоштааст. Ӯ розӣ шудааст. Пас аз як ҳафта маро аз беморхона ҷавоб доданду Фирӯз маро ба хона овард. Бо падару модарам маслиҳат карда, рӯзи дигар мулло оварда, моро никоҳ карданд ва мо ба висоли ҳам расидем. Бо кундошам дар як ҳавлӣ мисли апаву хоҳар зиндагӣ мекардем. Ҳарду хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо меовардем, ҳамсояҳо ҳасад мебурданд. Аз байн чанд моҳ гузашту мо ҳарду ҳомиладор шудем. Мӯҳлати таваллудкунии Гулсара наздик шуду Фирӯз ӯро ба хонаи модараш бурда монд. Шукри Худо, ки қайсингилу хушдомани меҳрубон дорам. Онҳо намегузоранд ки ба корҳои вазнин даст занам. Аз Худованди бузург шукрона мекунам, ки поёни шаби сиёҳи маро сафед кард. Аҳсан мехонам ба Фирӯзам. Ба ҳар кас муяссар намешавад, ки бо ду зан муросо карда, дар як ҳавлӣ зиндагӣ кунад. Илоҳо дигар ҳеҷ вақт ба зиндагии ширинамон чашми бад нарасад.

Сураё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД