goodwell
Дар Ёвон як кӯдаки 4-сола бар асари латукӯби падарандараш ба ҳалокат расидааст
96

Дар ноҳияи Ёвон як кӯдаки 4-сола бар асари латукӯби шадиди падарандараш ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 27-уми июл сар зада, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ёвон дар манзили истиқоматиаш духтарандари 4-солаашро мавриди латукӯб қарор додааст. Дар натиҷа духтарча ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, рӯзи дигар, яъне санаи 28-уми июл ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ҷон додааст.

Айни замон мард аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда, нисбаташ барои "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Тафтишоти сабабҳо ва ҷузъиёти дигари қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД