35 years of independency
Дар Иркутск чораҳои пешгирикунанда пас аз марги корманди Институти зидди вабо анҷом ёфтанд
09.10.2026
Oila.tj
72

Дар вилояти Иркутски Русия тамоми чораҳои пешгирикунанда пас аз марги корманди Институти зидди вабои Иркутск ба анҷом расиданд. Дар ин бора губернатори вилояти Иркутск Игор Кобзев бо истинод ба хулосаи комиссияи коршиносон ва мутахассисони Хадамоти федералии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (“Роспотребнадзор”) хабар дод.

Ба гуфтаи губернатор, корманди фавтида, ки гирифтори пневмонияи берун аз беморхона шуда буд, бар зидди сироятҳои хатарноке, ки бо онҳо дар доираи фаъолияти касбиаш сарукор дошт, эм карда шуда, масуният дошт. Санҷишҳо ягон ҳолати садама ё вайроншавии қоидаҳои бехатариро ҳангоми кор бо микроорганизмҳои патогенӣ ошкор накардаанд.

Ҳамзамон, табибон ҳамаи шахсони бо марҳум дар тамос бударо таҳти назорати тиббӣ қарор додаанд. Дар маҷмуъ, тақрибан 5 ҳазор таҳқиқоти лабораторӣ гузаронида шудааст. Натиҷаҳо мавҷудияти ангезандаҳои сироятҳои хатарнокро тасдиқ накардаанд. Дар байни шахсони тамосӣ низ нишонаҳои бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Игор Кобзев таъкид кард, ки вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар шаҳрҳои Иркутск ва Шелехов ором боқӣ мемонад. Ба иттилои ӯ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) низ мавҷуд набудани таҳдид ба саломатии аҳолиро тасдиқ кардааст.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти мақомоти масъул, дар минтақа ягон далели паҳншавии сирояти хатарнок ошкор нашудааст ва чораҳои пешгирикунанда ба анҷом расидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД