sebiston july new
Дар Истаравшан кӣ либоси шоҳона медӯзад?
990
no-img

Яке аз қадимтарин ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик зардӯзӣ мебошад. Бонувони гулдаст аз замонҳои қадим дар хилъату камзулчаҳои арӯсӣ, ҷомаву миёнбанди домодӣ ва либосҳои дигари шоҳонае, ки махсус барои тӯю маърака ва маҳфилҳои идона дӯхта мешуданд, бо торҳои нуқрагину тиллоранг нақшу нигори басо зебо ва дилчасп медӯхтанд.

Либосҳои зардӯзиро бештар аҳли дарбор, шоҳдухтару шҳзодаҳо ва амирону шоҳон ба бар менамуданд, зеро арзиши чунин либосҳо хеле баланд буда, мардуми оддӣ қудратӣ харидорӣ карданро надоштанд. Хушбахтона, замона дигар шуд ва имрӯзҳо ҳатто кӯдакон дар тӯйи хатнасурашон зарҷомаву тоқии зардӯзӣ мепӯшанд.

Либосҳои зардӯзӣ ҳамчун яке аз намунаҳои олитарини ҳунари тоҷикона ба меҳмонони хориҷӣ армуғон дода мешавад.
Дӯхтани зардӯзӣ аз кас маҳорат ва завқи баландро металабад. Ҳурматой Яҳёева зиёда аз бист сол мешавад, ки бо ин ҳунари нозук сару кор дошта, бо зардӯзӣ машғул аст.

Мехоҳед донед, ки ин бонуи хушзавқ чӣ тавр зардӯзи моҳир шудааст? Пас ба сӯҳбати мо бо апаи Ҳурматой таваҷҷӯҳ зоҳир намоед.
Модар-мактаби зиндагӣ
-Устоди аввалини ҳар як инсон дар зиндагӣ пеш аз ҳама модар мебошад. Фарзанд лой асту мдар кулол, аз ӯ шахсият месозад ё бесаводу беҳунар ба воя мерасонад, ҳамааш вобаста танҳо ба модар аст. Ман чизе, ки дар зиндагӣ омӯхтаам, аз модарам ёд гирифтам. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ модарам ба дастам як порча матоъро дода, тарзи тасвиру қолабгирӣ ва дӯхтани зардӯзиро ба ман ёд медоданд.

Бо гузашти айём ҳунари зардӯзиро пурра аз худ намудам ва чандин сол боз бо шарофати ҳамин касб нон мехӯрам,-мегӯяд Ҳурматой Яҳёева.
Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ
Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳунар аз нуқраву тиллову зар беҳ,
Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ!
Дар ҳақиқат ҳунар беҳтарин ганҷ аст, зеро онро ҳаргиз касе бо зӯрӣ аз дасти мард ё зани ҳунарманд гирифта наметавонад, вале ҳунарманди асил бояд ҳунарашро ба дигарон омӯхта, шогирдони арзандаро тарбият намояд, то ки он ҳунар аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон аз ёдҳо фаромӯш ва несту нобуд нашавад.

Қаҳрамони мо Ҳурматой Яҳёева барои он ки зардӯзӣ аз байн наравад ҳунари худро натанҳо ба фарзандон ва пайвандонаш, балки ба чанд духтари дигари хушзавқ низ ёд додааст. Тавре ки худи апаи Ҳурматой мегӯяд:
-Ҳар як ҳунарманд бояд касбе, ки дорад, ба дигарон онро ёд диҳад, нозукиҳояшро фаҳмонад, то ҳунараш ҷовидон монад. Ман барои он ки ҳунари зардӯзӣ аз байн наравад, тамоми сирру асрори ин касро ба духтаронам ва ба чанд духтари дигар аз деҳаи худамон ёд додам.

Духтарон ва шогирдонам тарзи дӯхтани тоқии ироқӣ ва дигар намудҳои зардӯзир хеле хуб аз худ кардаанд ва ман бо онҳо ифтихор мекунам.
Бибии панҷ панҷааш ҳунар
Ҳурматой Яҳёева зарҷомаи мардона ва намудҳои гуногуни либосҳои зардӯзии занонаву кӯдаконаро бо завқи хеле баландмедӯзад ва ҳунараш харидорони зиёде дорад. Салла ва ҷомачаҳои зардӯзии ин зани гулдаст бо нахҳои тиллоранг дӯхта шуда, бо мӯҳраҳои рангоранг оро дода шудаанд ва бо зебоии бемисли худ чашми касро мерабоянд.


Дар баробари ин апаи Ҳурматой тоқиҳои милливу ироқӣ дӯхта, маҳсули дастони пурэъҷозашро пешкаши харидорон месозад. Ҳурматой Яҳёева мегӯяд, танҳо касе, ки шавқу ҳавас дорад ва аз модар зебопараст ба дунё омадааст, метавонад дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои ҳунари зардӯзиро аз худ кунад.
Мо ба ин зани ҳунарманди истаравшанӣ тани сиҳату барори кор хоста ба занону духтарони тоҷик маслиҳат медиҳем, ки ягон намуди ҳунарро аз худ намоянд, зеро ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, ҳамеша бологузар буда, нонашро бо меҳнати ҳалол ёфта мехӯрад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД