35 years of independency
Дар Истаравшан нимпайкараи Наимҷон Назирӣ гузошта шуд
94

Дар шаҳри Истаравшан ба ифтихори 90-солагии шоири маъруф Наимҷон Назирӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61, ки ба номи ӯ гузошта шудааст, нимпайкараи шоир гузошта шуд.

Ҳамзамон, ба хотири гиромидошти хотираи неки шоир ва арҷгузорӣ ба мероси адабии ӯ, аз китобхонаи шахсии Наимҷон Назирӣ ба муассисаи таълимӣ 2000 нусха китоб тақдим гардид. Ин иқдом дар самти баланд бардоштани завқи китобхонӣ, густариши маърифат ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ аҳаммияти хос дорад.

Наимҷон Назирӣ 20-уми августи соли 1936 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба шеъру адаб шавқу рағбати зиёд дошта, ҳанӯз дар синни 8-10-солагӣ ба эҷоди шеър оғоз кардааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ ҳамчун шоири сермаҳсул ва қаламкаши тавоно шинохта шуда, муаллифи қариб 30 китоб мебошад.

Наимҷон Назирӣ дар баробари фаъолияти эҷодӣ, дар соҳаи журналистика ва фарҳанг низ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ходими адабӣ оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъба, мухбири махсуси маҷаллаи ҳаҷвию танқидии «Хорпуштак», муҳаррири радиожурнали «Сӯҳбати дӯстон», мухбири махсуси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи рӯзномаи «Роҳи коммунизм» ва роҳбари Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Истаравшан фаъолият кардааст.

Осори Наимҷон Назирӣ бо мазмуну муҳтавои ватандӯстона, андешаҳои маърифатпарварона ва нигоҳи танқидиву ҳаҷвии шоир ба зиндагӣ фарқ мекунад. Ӯ бо эҷоди ашъори рангин ва асарҳои пурмуҳтавои худ дар ғанӣ гардонидани адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Қобили зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми июли соли 2010 ифтитоҳ гардида, баъдан ба номи Наимҷон Назирӣ гузошта шудааст. Ҳамон сол низ аз китобхонаи шахсии шоир ба муассисаи таълимӣ 600 нусха китоб тақдим гардида буд.

Инак, дар арафаи 90-солагии шоир гузоштани нимпайкараи ӯ ва тақдими боз 2000 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш қадами муҳим дар роҳи гиромидошти шахсиятҳои адабӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарғиби китобу китобхонӣ ба шумор меравад.

Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияту фаъолияти пурсамари Наимҷон Назирӣ, балки нишонаи эҳтиром ба аҳли илму адаб ва талқини арзишҳои маънавӣ дар ҷомеа мебошад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД