orienbank akciya
Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирро ихроҷ мекунанд?
18.05.2024
ОИЛА.ТҶ
580

Салом. Ман ҷавони 18-сола ҳастам ва ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳам.

Падару модарам розӣ нестанд, мегӯянд, ки имсол вазъият чандон ором нест, нарав, вале нарафта наметавонам, чунки падарам ба гирдоби қарз ғӯтидааст ва қарздорон ҳар рӯз ба дари хонаамон омада, пулашонро талаб карда истодаанд.

Як моҳи охир қариб ҳар рӯз дар интернет дар бораи аз Русия депортатсия шудани муҳоҷирони тоҷик менависанд.

Мехоҳам донам, ки муҳоҷирони меҳнатиро бо кадом сабабҳо аз ин кишвар депортатсия мекунанд?

ЗАЙНИДДИН, аз ноҳияи Шаҳристон

Посух:

- Дар ҳақиқат пас аз ҳодисаи нохуше, ки дар Крокус-Сити-Холл рӯй дод, Русия қонунҳои муҳоҷиратиашро пурзӯр намудааст ва ҳамарӯза садҳо нафар муҳоҷирон аз қаламрави ин кишвар ихроҷ-депортатсия карда мешаванд. Дар ин вазъият ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар бораи “депортатсия” маълумоти дақиқ дошта бошад, то тавонад дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд. Тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвар дар Қонуни федеролии Россия таҳти рақами №115-ФЗ аз 25-07-2002 “Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР” ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Россия аз 24.04.2020 таҳти №239 “Дар бораи тасдиқи тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ ВКД. РФ” амалӣ карда мешавад.

Сабабҳои асосии “депортатсия” шудани муҳоҷирон инҳоянд:

1. Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё додани маълумоти бардурӯғ дар бораи шахсияти худ.

Баъзан муҳоҷироне, ки аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд, ба Ватан баргашта, ному насаби худро дигар мекунанд ва бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дубора ба Русия мераванд. Имрӯз техника хеле пеш рафтааст ва бо ҳуҷҷати дигар низ дар асл кӣ будани шахсро ба осонӣ муайян карда метавонанд. Дар сурати фош шудани ин ҳолат, яъне сохтакории ҳуҷҷатҳо муҳоҷир фавран аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешавад.

2. Надоштани қайди муҳоҷиратӣ ё ба итмом расидани мӯҳлати қайди муҳоҷир ва дароз накардани мӯҳлати қайд.

Иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири камтар шудани хароҷотҳояшон худро дар қайди муҳоҷиратӣ намегузоранд ва ҳуҷҷатҳояшонрро ба расмият надароварда, ба таври ғайрирасмӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, қайди муҳоҷиратӣ барои аз қаламрави кишвар ихроҷ шудани муҳоҷирон асос мешавад.

3. Машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ.

Сабаби дигари ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ, яъне надоштани патент ва шартномаи меҳнатӣ мебошад.

4. Суғуртаи тиббӣ надоштани муҳоҷир.

Тамоми муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кор мекунанд, бояд суғуртаи тиббӣ дошта бошанд. Надоштани ин ҳуҷҷат метавонад барои аз қаламрави ин кишвар депортатсия шудан сабаб гардад

5. Хушоянда набудани зисту зиндагии шахси хориҷӣ дар кишвар (Нежелательность нахождения человека в РФ)

Асосан шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, ба ин категория дохил мешаванд. Маҳбусон ва дигар шахсони даст ба ҷиноят зада баъди ба озодӣ баромадан ба таври маҷбурӣ бо кӯмаки кормандони мақомотҳои қудратӣ аз қаламрави Россия ихроҷ-депортатсия карда мешаванд.

6. Муҳоҷиронро метавонанд бо сабаби гирифтор будан ба бемориҳои хавфноки сироятӣ аз қабили ВИЧ-СПИД, туберкулёз, гепатит, махсусан гепатити навъи С низ аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намоянд.

Ихроҷ шудан ё нашудани худро чӣ гуна метавон фаҳмид?

Барои фаҳмидани он ки депортатсия шудаанд ё не, муҳоҷирони тоҷик метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия ҳастанд, имкон доранд ба сомонаи Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ворид гашта, депортатсия шудан ё нашудани худро аниқ созанд. Санҷиши депорт шудан ё нашудани шаҳрвандони хориҷӣ тариқи онлайн сурат мегирад. Танҳо бо пур кардани варақа аз Федератсияи Россия ихроҷ шудан ё нашудани худро аниқ кардан мумкин аст.

“Депортатсия” шудед, чӣ бояд кард?

Вақте ки шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷири меҳнатиро дар асоси қонун аз Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” мекунанд, шахси ихроҷшуда вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯз қаламрави ин кишварро тарк намояд. Дар сурати бекор шудани иҷозатномаи муввақатии зист (РВП) ва ё иҷозатномаи зист (Вид на жительство) шахс бояд дар бадали 15 рӯз аз қаламрави Россия берун шавад.

Бозгашти шахси ихроҷшуда ба Ватан

Аксаран онҳое, ки “депортатсия” карда шудаанд, аз ҳисоби худашон ба Ватан баргардонида мешаванд, вале дар баъзе ҳолатҳо бозгашти шахси ихроҷшударо категорияҳои зерини одамон ва ташкилотҳо маблағгузорӣ менамоянд:

1. Шахс ё ташкилоте, ки шаҳрванди хориҷиро ба Федератсияи Россия даъват кардааст.

2. Сафорат ё консулгарии мамлакате, ки шахси ихроҷшуда шаҳрванди он кишвар мебошад.

Дар сурати мавҷуд набудани ташкилотҳои дар боло зикршуда шахси “депортатсия” шуда аз ҳисоби худи давлати Россия ба кишваре, ки шаҳрванди он ҷо мебошад, баргардонида мешавад.

Оё ҳукми ихроҷро бекор кардан мумкин аст?

Бале, ҳукми “депортатсия”-ро бекор кардан мумкин аст. Агар дилпур бошед, ки бе асос ихроҷ карда шудаед, шумо ҳуқуқ доред, ки дар муддати 10 шабонарӯз пас аз гирифтани нусхаи қарор дар бораи “депортатсия” шуданатон ба суд шикоят кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД