Oila 5 years
Дар Хатлон боз 3 роҳбари дигар иваз шуд
241


Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз Файзулло Баротзода, шаҳрдори шаҳри Бохтар, аз мақомаш барканор карда шуд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Абдулмаҷид Муминзод шаҳрдори Бохтар таъин гардидааст.

Муъминзод то омадан ба ин мақом раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ буд.

Ҳамзамон, Абдуллозода Тағой Махкам, раиси ноҳияи Шаҳритус таъин шудааст. Ӯ то имрӯз муовини раиси ноҳияи Ёвон буд ва дар мақоми наваш Ҷабборӣ Ғаффорро иваз кард.

Дар пайи ин тағйирот Холмурод Раҳмон низ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озод шудааст. Ба ҷойи ӯ, Рустам Холиқзода ба ин мақом таъин шуд. Холиқзода то имрӯз муовини аввали раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд. Ӯ бародари Ҳоким Холиқзода, муовини тозатаъини Сарвазири кишвар аст.

Мақомҳои нав ва сабаби аз кор озод шудани роҳбарони пешини шаҳру навоҳии Хатлон маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД