formula
Дар куҷо чанд ветеран монд?
429

Имсол аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), 78 сол сипарӣ шуд. Биноар ин, 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба таҷлил мекунанд.

Ба иттилои рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз қавли Раҳмат Қудратов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар, дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов аст, ки дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад. Ӯ имсол дар Рӯзи Ғалаба 111-сола мешавад, зеро 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст. Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг бошад, 96-сола аст.

Бештари собиқадорон дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, ки теъдодашон 14 нафар аст. Дар Суғд 11 нафар, дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар боқӣ мондаанд.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Тавре ки иттилоъ додем, ҳамасола аз ҷониби Президенти кишвар ба иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои молиявӣ тақдим мешаванд. Дар баробари туҳфаҳои Сарвари давлат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони идораҳои марбутаи давлатӣ низ ба иштирокчиёни ҶБВ ёрии моддӣ мерасонанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД