Шахсоне, ки дар зиндон мебошанд, ҳуқуқ доранд оила барпо намоянд? Ақди никоҳи онҳо чӣ гуна баста мешавад?
Ҷавоб:
- Шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ҳуқуқ ба барпо намудани оиларо доранд. Ақди никоҳашон бо риоя талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, яъне бо пешниҳоди аризаи хаттӣ ба мақомоти бақайдгиранда ба қайд гирифта мешавад. Дар қисми 4, моддаи 34-и қонуни мазкур омадааст, ки агар яке аз шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак, ки дар қисми 1-и ҳамин модда пешбинӣ шудааст, имконияти ҳозир шуданро надошта бошад, изҳори иродаи шахсони никоҳшаванда метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаи онҳо ба расмият дароварда шавад.
Инчунин, дар қисми 7-и моддаи 35-и қонуни мазкур омадааст, ки бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо шахсе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муҳлати ҷазоро адо менамояд, дар ҷое, ки роҳбари муассисаи дахлдор бо мувофиқаи роҳбари мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо оварда мешавад.