sebiston july new
Дар мактабҳо барои театр пул ҷамъ кардан манъ шуд!
01.03.2022
Оила
1771

Арзу шикоятҳои падару модарон дар боби дар мактабҳо тез-тез аз фарзандони онҳо бо баҳонаи рафтан ба театру кино пул ҷамъ кардан билхира ба гӯши муттасадиён расида, минбаъд пулҷамъкунӣ аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ манъ карда шуд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз сокинон ва падару модари мактабхонҳо хостааст, ки дар сурати ҷамъоварии маблағҳои ғайри қонунӣ ва ҷалби фарзандонашон ба намоишҳои театриву филмҳо дар вақти дарс ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод дар ҳоле чунин эълонро дар саҳифаи фейсбукияш нашр намудааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба толибилмон чиптаҳои намоишномаҳои театерӣ фурӯхта шуда, омӯзгорон онҳоро дар намоишномаҳо ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадаф аз ин иқдом ба қавли сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умуми шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода барои театр ва кино як василаи пулҷамъкунӣ нагаштани мактабҳо ва омӯзгорон мебошад.
Ин масъули раёсати маорифи шаҳр розӣ аст, ки омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявии худ филмҳои тарбиявӣ ва намоишномаҳои хуби театриро тарғиб намоянд, вале ба ҷамъ кардани маблағ ва фурӯши чиптаҳо набояд сару кор бигиранд, зеро бе ин ҳам омӯзгорони мо масъулиятҳои зиёдеро бар дӯш доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД