arzon replenishment
Дар марги муҳоҷирон кӣ гунаҳкор аст?
1350


Ҷисми бе ҷони 3 тоҷикро, ки 2 нафарашон калонсол ва сеюмӣ кӯдаки 4-сола будааст, аз деҳаи Прудкии Вилояти Маскав пайдо кардаанд. Дар ин бора Сарраёсати тафтишоти Вилояти Маскав шоми 13- декабр хабар додааст.

Дар шӯъбаи тафтишоти шаҳри Раменское дар робита ба ёфт шудани ҷасадҳои се шаҳрванд хориҷӣ, аз ҷумла як кӯдаки чорсола, аллакай бар асоси қисми сеюми моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Россия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Ба иттилоъи додситонии вилояти Маскав рӯзи 13 декабр “дар як хонаи хусусӣ дар деҳаи Прудки ҷасадҳои ду шахси калонсол ва як кӯдаки чорсоларо бе аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Боз як марди осебдидаро бистарӣ кардаанд”.

Mатбуоти русӣ менависад, ки ҳар се ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва марди бистаришуда шаҳрванди Хитой буда, бар асари нафас кашидани дуди газ ҷон додаанд.

Фоҷиа дар шаҳраки коттеҷҳои “Европейский квартал” дар деҳаи хурди Прудки дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав рух додааст.

Нашрияи маҳаллии “Чехов-Вид” навиштааст, ки шаҳрванди Хитой Лю Чен, ки 41 сол дошт, бо вуҷуди таъсири газ тавонистааст ба худ биояд ва ба “Ёрии таъҷилӣ” занг бизанад. Ҳоло табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд. Нашрия исми қурбониёни ин фоҷиа аз Тоҷикистонро нашр кардааст.

 

Бино ба маълумоти “Чехов-Вид” ҳалокшудагон яке Далер А. (27-сола), дуюмӣ Шоира Р. (23-сола) ва тифли ҳалокшуда Умигулсун П. (4-сола) будаанд.

“Чанд расона ҳарсе қурбониро аз як оила: Далеру Шоираро зану шавҳар ва кӯдаки ғӯррамаргшударо фарзанди онҳо мехонанд, вале хабаргузории ТАСС бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки марди тоҷики ҳалокшуда ба ҳайси тарҷумони соҳибкори хитоӣ кор мекард ва бо зани ҳалокшуда иртиботи хешутаборӣ надошт. “МК” ҳам навиштааст, ки зани ҳалокшуда 40 сол дошт ва марди тоҷик 27 сол”-навиштааст Бомдод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД