Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда
аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст
Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст.
Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, дар ин озмун Муборакшоев дар бахши “Тиб ва фанновариҳои нави ҳифзи саломатӣ” барандаи ҷоиза гаштааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, Муборакшо Муборакшоев дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, соли 1986 донишгоҳро хатм намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар озмун 108 нафар довталабон, аз ҷумла, соҳибкорон, олимон, омӯзгорон, ходимони ҷамъиятӣ аз 41 кишвар иштирок намуда, ғолибон дар 12 наминатсия муайян шудаанд.