Рӯзҳои 15-16-уми августи соли 2026 дар шаҳри Москва аввалин мусобиқаи байналмилалии самбо миёни хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 81 варзишгар аз 18 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар ҳайати Тоҷикистон Маъсумӣ Муҳаббатов дар вазни 58 кг ва Субҳиддин Халилзода дар вазни 79 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгарон дар самбои варзишӣ миёни мардон дар ҳафт вазн - то 58, 64, 71, 79, 88, 98 ва зиёда аз 98 килограмм ва миёни занон низ дар ҳафт вазн рақобат карданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи Русия бо натиҷаи 11 медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ мақоми аввалро гирифт.