1xbet
Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе "рейд" гузаронида мешавад
13.08.2025
Oila.tj
162

Аз 11 то 17-уми август дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи махсус қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бино ба иттилои “Душанбенақлиётхадамотрасон”, гурӯҳи махсус, ки аз сохторҳои дахлдор таркиб ёфтааст, қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бехатарии ҳаракат, пардохти электронӣ, либоси ронандагон ва фаъолияти ғайриқонунии таксиронҳоро санҷиш мекунад.

Бояд гуфт, ки дар пойтахт риоя нагардидани қоидаҳои мусофиркашонӣ аз ҷониби нақлиёти ҷамъиятӣ, ба мисли аз меъёр зиёд гирифтани одамон, таваққуф дар ҷойҳои нодуруст, риоя нагардидани замон ва масири ҳаракат, ҳамчунин, қоидавайронкунии таксиронҳо боиси нигаронии сокинон гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД