Дар ноҳияи Рашт ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ду кӯдакистони нав ва Маркази ҷавонон сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, боғчаҳои нави бачагона дар деҳаҳои Навдӣ ва Бедак аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо дастигрии ҳукумати ноҳия бунёд ёфтаанд. Дар ҷамоати деҳоти Навдӣ ҳамчунин соҳибкорон ва сокинони ноҳия дар ҳамдастӣ барои наврасону ҷавонон “Маркази ҷавонон”-ро сохта, ба истифода додаанд. Наврасону ҷавонони ноҳия метавонанд дар ин марказ ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла шашкаю шоҳмотбозӣ машғул шаванд.
Бунёди муассисаҳои томактабӣ ва Маркази ҷавонон дар фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва рушди маънавию зеҳнии ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Дар маҷмуъ, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлол дар ноҳияи Рашт бунёду навсозии 404 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз зиёда аз 300 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.